Нурахони 85-сола дуогӯи сулҳу ваҳдат аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 209
Вақте ба хонааш меҳмон шудем, моро як пиразани нуронӣ, ба тан куртаи кабуд, дар сар рӯймоли рангоранг, аз болояш рӯймоли калони сафеддошта, гарм пешвоз гирифт.
Момои Нурахон соли 1939 дар шаҳри Бохтар ба дунёи ҳастӣ чашм кушод. Дар байни як акаву ду апа ӯ духтари хурдӣ, дӯстдошта ва эркаи падар буд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки падар ба ӯ Нурахон – нури хонадон ном гузошта бошад.
Даврони кӯдакӣ ва наврасии ӯ ба солҳои ҷангӣ ва баъдиҷангӣ рост омад. Нурахон ҷавонону мардони ба аскарӣ мерафтаву аз фронт меомадаро бо нигоҳу дили кӯдаконаи худ пешвоз мегирифт.
Онҳо барояш қаҳрамон буданд. Ҷанг тамом мешавад ва ҳама барои барқароркунии давлат сафарбар мешаванд. Нурахон мактабро то синфи чор мехонад. Аз мактаб баромада, ба кору бори модар ва падари боғбонаш кумак мерасонад.
Ҳамроҳи амаки Саидаҳмад ятимписаре бо номи Аъзам кор мекарду гоҳ-гоҳ ба хонаи онҳо омада, шабро рӯз менамуд. Аъзами аз меҳри падару модар дурмонда ба оилаи амаки Саидаҳмад меҳр мебандад. Бо гузашти чанд сол амаки Саидаҳмад духтараш Нурахонро бо Аъзам хонадор кард.
Аз ин ҷуфт 8 фарзанд - се писару панҷ духтар ба дунё меоянд. Ҳамаи фарзандонашро ӯ бо як меҳру муҳаббат калон кардаву ба воя расонидааст. Имрӯз фарзандонаш ҳама соҳиби кору хонаи алоҳидаанд. Онҳоро хононда соҳибкасб намудааст.
-Дар зиндагӣ мушкилоти зиёдеро паси сар кардам. Аммо мушкилтарини онҳо рӯзҳое буданд, ки ду писарамро ба хок супоридам.
Вақте хабари марги онҳоро шунидам, гӯё дунёи ман ба охир расид. Гумон мекардам, ки дар оби ях ғарқам кардаанд, - ашки чашмонашро пок карда бо хотир меорад момои Нурахон.
Имрӯз духтари хурдӣ Саодат, ки нигоҳубини модар ба уҳдаи ӯст, мегӯяд: «Модарам зиндадилу хуштабъ аст. Ҳамеша дар хона, ба ман, набераву абераҳояш ҳазлу шӯхӣ мекунад. Гоҳо бо забони русӣ, баъзан бо забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ ҳарф мезанад.
Агар бо забони русӣ савол доданд, ҳатман бояд шумо ҳам ба забони русӣ ҷавоб диҳед. Агар ба дигар забон ҷавоб додед, гаштаю баргашта бо шумо бо ҳамон забон савол медиҳад».
Момои Нурахон кӯшиш мекунад, ки дар тарбияи набераву аберагонаш саҳм гузорад ва имрӯз дар шаҳри Бохтар дар иҳотаи 15 набераву 30 абера давлати пирӣ меронад.
Нурахон Ҳасановаи 85-сола имрӯз шукронаи онро мекунад, ки дар як давлати тинҷу ором, осуда ва дар чунин як давраи пурфайз умр ба сар мебарад.
Доимо дуогӯйи он аст, ки дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, оромиву осудагӣ ҳукмфармо бошад.
Т. Толиб,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...