Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР ТЕМУРМАЛИК

Матлабҳои охирин

ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР ТЕМУРМАЛИК

Хоҷагии деҳқонии ба номи Назрулло Қармишев дар Ҷамоати деҳоти “Бобоюнус Худойдодзода”-и ноҳияи Темурмалик 18 гектар замини корами лалмӣ дошта, аслан ба ғаллакорӣ машғул мебошад.

Ҳамасола аз ин замин ҳосили хуби гандуму ҷав ба даст меоранд. Имсол бошад, барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии хоҷагӣ як чоҳи амудӣ дар чуқурии 35 метр канда, дар назди он фермаи мурғи марҷон ташкил намуданд. Мурғи марҷон дар ин хоҷагӣ ба таври табиӣ парвариш меёбад. Саршумори мурғи марҷон дар як муддати кӯтоҳ афзоиш ёфта, фарбеҳу солиманд. Хоҷагидорон мақсад доранд соли оянда саршумори ин навъи парандаро зиёд кунанд. Лутфулло Қармишев саҳмдори хоҷагӣ дар суҳбат чунин иброз дошт: “Баъди бунёди ферма дар хоҷагӣ ҳамагӣ 32 мурғи марҷон харидорӣ карда будем ва дар муддати 8 моҳ саршумори он ба 300 сар расид. Дар соли оянда саршумори онро ба 1000 сар расониданием”.

Хоҷагидорон мегӯянд ин мавзеъ барои парвариши мурғи марҷон хеле мусоид аст ва аксари сокинони деҳаи Чилча низ мурғи марҷон парвариш мекунанд. Вазни миёнаи ин паранда беш аз 8 килограмм мешавад ва дар як сол то 250-270 тухм мегузорад. 

Гарчанде заминҳои хоҷагӣ корами лалмӣ ва нисбат ба дигар хоҷагиҳо майдони камтар дорад, хоҷагидорон аз он самаранок истифода мебаранд. Баъди ҷамъоварии ғалладонагӣ то давраи шудгору кишти тирамоҳӣ мурғҳо аз   ин ҷо дон меёбанд. Дар баробари бунёди фермаи мурғи марҷон як гармхона низ сохта ба истифода додаанд, ки дар он 40 бех ниҳоли лимӯ сабзиши хуб доранд.

Вобаста ба имконият роҳбарияти хоҷагӣ кӯшиш дорад майдони гармхонаро боз ҳам васеъ намуда, саршумори парандаро низ афзоиш диҳад. 

 

Ширинҷон Сафарзода

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода