Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Матлабҳои охирин / Хабари рӯз

СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Санаи 30-юми декабри соли 2020 дар Идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» вохӯрии директори муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Асалмоҳ Сафарзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ва чанде аз собиқадорони соҳаи матбуоти вилоят баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Зинатулло Исмоилзода оид ба ҳадафи вохӯрӣ, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбати соҳаи матбуот ва собиқадорони соҳа, нақши собиқадорони соҳаи матбуот дар тарбияи кадрҳои ҷавон табодули афкор намуд. Инчунин, оид ба нақши собиқадорони соҳаи матбуоти вилоят дар пешрафту шукуфоии меҳан, тарғиби рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, тарғиби ғояҳои ватанпарастию инсондӯстӣ ва шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори андеша гардид. 

Носирҷон Маъмурзода дар бораи дастгирии намояндагони расонаҳои хабарӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва қадрдонии онҳо ибрози назар кард. Гуфта шуд, ки давоми соли сипаригардида аз тарафи раиси вилояти Хатлон ба собиқадорони соҳаи иттилоот, хусусан матбуот ва телевизиону радио қадрдонии пулию молӣ карда шуданд. Дар ин баробар, ба телевизион ва рӯзномаҳои вилояти Хатлон дастгоҳҳои техникӣ, аз қабили дастгоҳи наворбардорӣ, дастгоҳҳои аксбардорӣ, компютер кумак карда шуд, ки дар рушди иттилооти вилоят мусоидат хоҳанд кард.

Сипас, собиқадорони соҳаи иттилооти вилоятро бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ карда, дар бораи фаъолият ва саҳми арзандаи ҳар кадоми онҳо дар рушди матбуоти вилоят ҳарф заданд.

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода