Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР СОЛИ 2020

Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ

ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР СОЛИ 2020

Истифодаи самарабахши имкониятҳо дар самти рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишварзӣ мусоидат намуд, ки танҳо дар 11 моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 15 миллиарду 728,7 миллион сомонӣ баробар гардад, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 108,8%-ро ташкил дода, ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ 109,1% ва ба соҳаи чорводорӣ 107,8% рост меояд. Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 956,3 ҳазор тонна, пахта 273,4 ҳазор тонна, картошка ба 167,4 ҳазор тонна, сабзавот ба 1438,1 ҳазор тонна, полезиҳо ба 576,0 ҳазор тонна, меваҷот ба 206,6 ҳазор тонна ва ангур ба 106,4 ҳазор тонна расонида шуд. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 истеҳсоли ғалладонагиҳо 100,9 ҳазор тонна, пахта 9811,3 тонна, сабзавот 188,4 ҳазор тонна, полезӣ 42648,5 тонна, мевагиҳо 7406,2 тонна ва ангур 2386 тонна зиёд мебошад. 

Ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ ба 1-уми декабри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 47 анбор бо иқтидори 5597 тонна ва 50 сардхона бо иқтидори 20040 тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маводи аввалияи ғизоӣ омода мебошанд. Ба имрӯз дар  анборхонаҳо 613 ва дар сардхонаҳо 1675 тонна, дар маҷмӯъ 2288 тонна маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳ дошта мешавад, ки аз ин 634,0 тонна пиёз, 805,0 тонна сабзӣ, 97,0 тонна картошка, 213,0 тонна себ, 7,0 тонна нок, 91,0 тонна анор, 40,0 тонна ангур ва 401,0 тоннаи онро дигар маҳсулотҳо  ташкил медиҳанд. 

Соли 2020 дар 14 фабрикаи парандапарварии вилоят, саршумори паранда ба 607 ҳазору 500 сар расонида шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 134 ҳазору 755 сар зиёд мебошад.   Дар доираи рушди соҳаи моҳипарварӣ соли 2020 шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилоят ба 260 расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Истеҳсоли моҳӣ ба 1-уми декабри соли 2020 ба 1891,1 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179,6 тонна зиёд аст  

Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ, “Хатлон”

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода