Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АЗ СОЛИ НАВ УМЕДИ КАЛОН ДОРЕМ

Матлабҳои охирин

АЗ СОЛИ НАВ УМЕДИ КАЛОН ДОРЕМ

Соли нави 2021 фаро расид. Мо онро бо умеду орзуҳои зиёд интизор будем. Зеро соли 2020 соли вазнин омад. Аз ҷумла сирояти вируси бемории оламгири коронавирус ҷаҳониёнро ба таҳлука оварда, ба иқтисодиёту рушди соҳаҳо ва ҳаёти мардум зиёни худро расонд. Акнун мардум ба хотири ояндаи нек ба соли нави 2021 қадам монда, мехоҳанд «COVID- 19»-ро низ ҳамроҳи соли 2020 ба саҳифаи таърих гусел кунанд. 

Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо чанд нафар ашхоси касбу кори гуногун суҳбат намуда, таассуроташонро аз соли сипаргардида ва интизориҳои онҳоро аз соли нави 2021 пурсон шудем. 

Инак, муҳтавои онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем. 

Орзуи табибон сиҳатии мардум аст

 

Фарҳод Исозода, 

роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи 

тиббию санитарии шаҳри Бохтар

 

-Шумо ва табибони шаҳри Бохтарро бо фарорасии Соли нав табрик мегӯем. 

-Ташаккур, ман низ ҳайати эҷодии рӯзномаи «Хатлон»-ро шодбош мегӯям.

-Соли нав ба Шумо чӣ таассуроте боқӣ гузошт?

-Лаҳзаҳои хотирмони сол ба ман ҳамчун корманди соҳаи тандурустӣ, он буд, ки Ҳукумати кишвар ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Махсусан ғамхорӣ ба соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар, тайёр кардани мутахассисони ҷавони соҳа, бунёди муассисаҳои таҳсилу табобатӣ, хизматрасонии босифати тиббӣ ба мардум беш аз пеш ба  мушоҳида мерасад. Ташрифҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар  барои куллӣ мардуми шарифи ин минтақа хотирмон буд. Бо  қадамҳои пурфайзу баракати Сарвари давлат ҳусни шаҳр ҷилои дигар гирифт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар иншоотҳо, инчунин, Маркази ташхиси тиббии “Дурахш”, бинои иловагии муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ (9 майи соли 2020), муассисаи ғайридавлатии таълимии коллеҷи тиббиро (23 сентябри соли 2020) ифтитоҳ карданд.

Бо дастгирии бевоситаи  роҳбарияти   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар (КАТС) дастгоҳи  рентгении рақамӣ  (арзишаш 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ), дастгоҳи ултрасадо, 8 адад оксигенератор  (дастгоҳи ҳаводиҳии сунъӣ), 8 дастгоҳи ҳуҷрагии сабти фишори шараёнӣ, 5 дастгоҳи ташхисии ҳуҷрагӣ барои табибони гӯшу гулу ва бинӣ дода шуд.

Ҳамчунин ҳуҷраи навбатдории шабонарӯзӣ ташкил дода шуд. Он бо доруҳои лозима таъмин буда, дар ин ҷо барои қабули беморон ҳама шароит муҳаёст ва мутахассисони ботаҷриба ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ мерасонанд. Дар ояндаи наздик бошад, таъмиру азнавсозии толори  маҷлисгоҳи муассиса дар назар аст.

 Дастгоҳҳои ҳаводиҳии сунъӣ сайёр буда, онро дар хонаи ашхоси бемор низ истифода бурдан мумкин аст. Дар соли рафтаистода барои фароҳам овардани шароити корӣ ва хизматрасонии босифати тиббӣ ҳуҷраҳои қабули беморон ва ҳуҷраҳои кории маъмурияти муассиса таъмиру азнавсозӣ, инчунин, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

-Оё соли сипаришуда хотироти нохуше ҳам дошт?

-Соли одӣ набуд. Сирояти вируси «COVID-19» ба раванди зиндагии мардум душвориҳо ворид сохт. Хушбахтона, имрӯзҳо сирояти коронавирус дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфтааст. Корҳои пайвастаи фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯрии мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо мардум аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки ба кам шудани ин беморӣ мусоидат карданд. Ин маънои онро надорад, ки акнун бепарвоиро ихтиёр кунем. Мо-табибон ба мардум тавсия медиҳем, ки ҳаргиз ба беаҳамиятӣ роҳ надиҳанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар маконҳои серодам ва дохили нақлиёти мусофирбар ниқоб дошта бошанд, фосилаи байниҳамдигариро нигоҳ доранд.

-Орзуи солинавии Шумо.

-Орзуи ҳар як табиб сиҳатии мардум аст. Бигзор аҳли ҷомеаи Тоҷикистони азиз бедарду ғам бошанд. Орзу дорам, ки Соли 2021 соли сиҳатии мардум гардад!

 

Дар ҳар як хонадон

хушбахтӣ бошад

 

Зебо Кӯчарова,

сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

-Зебо, Соли навро бароятон табрик мегӯем.

-Раҳмат, ба шумо ҳам фарорасии соли нав муборак бошад!

-Тавре ки огоҳӣ ёфтем, дар соли  сипаришуда кори хайреро анҷом додед...

-Албатта, ин кирои таъриф нест. Ман аз рӯи имкон ба ашхоси ниёзманд кумаки хоксорона расондам.

- Лутфан онро шарҳ медодед.

-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашхоси ниёзманд, аз ҷумла маъюбону ятимонро дастгиру ғамхор аст. Онҳоро танҳо нагузошта, сарпарастӣ мекунад. Сарвари давлат борҳо ба шахсони саховатпеша ва онҳое ки имконияти ба ҷо овардани амали хайрро доранд, муроҷиат намуда, таъкид кардаанд, ки табақаи камбизоату муҳтоҷро ҳамеша дастгирӣ кунанд. Ин суханони падаронаи Пешвои миллат маро низ водор намуд, ки дар кори савоб саҳме бигирам.

Ҳамин тавр, аз ҳисоби буҷаи оилавӣ 100 ҷуфт ҷӯроби пашмин бофта, ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва бепарастори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тақдим намудам. Дар ин лаҳзаҳо дар лабони онҳо табассумро дида, худ-ро хушбахт дарёфтам.

-Таманнои Шумо дар соли нав.

-Соли 2021 барои кулли мардуми ватани азизам-Тоҷикистон соли сулҳу субот,  ваҳдати миллӣ ва соли пурфайзу баракат бошаду он ба ҳар як хонадон хушбахтӣ орад, амалҳои неки хайру саховат зиёд гардад, муҳтоҷону бепарасторон дар ҷомеа худро яккаву танҳо ҳис накунанд.

С. АТТОР, «Хатлон»

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода