Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » НИҲОЛПАРВАР

Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ

НИҲОЛПАРВАР

Назди бозори марказии ноҳия баробари дигар маҳсулоти зарурии рӯзгор ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаву ороишӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳарчанд он аз мавқеи ҷойгирифтаи бозор каме дуртар бошад ҳам, вале фурӯшандаҳо мизоҷони худро меёфтанд. Ду-ду, се-се омада, барои боғи худ, қитъаи наздиҳавлигиашон мувофиқи зарурати худ ниҳол мехариданд. Аксари фурӯшандаҳои ниҳол ҷавонон буданд. Инро дида, шод мешудам. Аз он меболидам, ки ҷавонон ба замин, боғдорӣ рӯ овардаанд, роҳи падарону бобоёни худро идома мебахшанд. Дар кори сабзу зебо гардонидани  ватанамон, рушди боғдорию токпарварӣ саҳм мегиранд.

Яке аз ин ҷавонони ниҳолпарвар, ки он рӯз маҳсули дасти худро ба фурӯш гузошта буд, Суҳроб Бобоев аст. Суҳроб фарзанди деҳқон аст. Дар деҳаи Зафарободи Ҷамоати деҳоти «Панҷоб» зиндагиву фаъолият менамояд.   Шавқи ӯро ба боғдорӣ падараш Мӯсо Бобоев бедор карда, дар ин рӯҳия тарбия намудааст. Агарчи Суҳроб дар хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият менамояд, баробари ин аз қитъаи замини наздиҳавлигиашон самарабахш фоида мебарад. Замини наздиҳавлигиашон 0,15 сотихро ташкил дода, ба оила ёрии калон мерасонад. 

Туфайли меҳнати пурсамар даромади хубе мегирад. Чуноне Суҳроб зимни суҳбат  иброз дошт, аз ҳисоби ниҳолпарварӣ соле 10-12 ҳазор сомонӣ даромад мегирад, ки ба оила ёрии калон мерасонад. Алҳол дар замини наздиҳавлигӣ парвариши ниҳолҳои себ, зардолу, нок, шафтолу, гелос, хурмо ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки аксари онҳо барои қӯчат  омода мебошанд.

Чуноне Суҳроб иброз намуд, қитъаи замини наздиҳавлигиашон барои коркарди соли оянда омода буда, аҳли оила мақсад доранд, ки онро пурсамар истифода намуда, боғдорону хоҷагиҳои деҳқониро бо ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда таъмин намоянд. 

Н. ДОВАР

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода