Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МЕҲНАТИ СОЗАНДА АСОСИ МУВАФФАҚИЯТ АСТ

Матлабҳои охирин / Иқтисоду тиҷорат

МЕҲНАТИ СОЗАНДА АСОСИ МУВАФФАҚИЯТ АСТ

Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.

Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН

 


Бозоралӣ Одиназода,

раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

------------------------

Пешрафту  шукуфоӣ, тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоии ватани азизамон-Тоҷикистонро дида, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, фарди соҳибдилу ватанпарвар ифтихор менамояд, меболад.   Дар асл низ ҳамин тавр аст. Бахусус, давоми бистсолаи охир, ки аз нигоҳи сулҳу субот, ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон, фазои рӯҳбахш кишварамон саршор буд, мардуми кишвар имкон пайдо намуданд, ки ба корҳои ободониву созандагӣ бештар таваҷҷуҳ намоянду пайи эъмору рушди меҳани худ бошанд. 

Ногуфта намонад, ки ҳар як пешрафту дигаргунӣ, дар арсаи сиёсию иқтисодӣ, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, саноату сохтмон бе роҳнамою роҳбар, нақшаи созанда арзи вуҷуд карда наметавонад. 

Ба бахти миллати тоҷик   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад ва  Тоҷикистони мусибатзадаро аз вартаи ҳалокат берун кашид.   Бо меҳрубонии Худои таоло сулҳу ваҳдат дар сарзамин барқарор гардида, мардум дасти ҳам гирифта, ба ободкории кишвар шурӯъ намуданд. Давоми муддати кутоҳтарин симои шаҳру навоҳӣ ба таври шинохтанашаванда дигаргун гардид.  Иншоотҳои азим сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.  Сарвари давлат аз ҳар имконияту шароити мавҷуда истифода бурда, мардуми Тоҷикистонро бо рӯҳияи ободкориву  созандагӣ роҳнамоӣ кард. Ба ифтихори ҳар як санаи таърихӣ ва ҷашнҳо  ободкориро вусъат бахшид. Ривоҷ бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолитяти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз зумраи онҳо мебошад, ки он натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Мақсад танҳо як  аст: пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ва зиндагии шоистаи мардуми он.

Дар ин раванд ноҳияи Ҳамадонӣ низ чун дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар ҳар як бахшу соҳаҳои мавҷудаи ноҳия пешравиҳо ба амал омаданд. Ва хосатан ин пешравӣ ва дигаргуниҳо давоми солҳои охир ва аз ҷумла бо эълон гардидани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ бештар гардиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, шахсони масъул дар ин бахш нақша- чорабинии хоса тартиб дода, бунёду таъмири 242 иншооти хурду бузургро дар ноҳия ба нақша гирифтанд. Барои боз ҳам ривоҷ бахшидани корҳои созандагӣ аввали соли 2020 шароиту имкониятҳоро аз нав дида баромада, тасмим гирифта шуд, ки иловатан боз сохтмону бунёди 103 иншооти дигар ба нақша гирифта шавад. Дар кори сохтмони иншоотҳои банақшагирифта баробари маблағҳои давлатӣ, соҳибкорони меҳанпараст, бонангу номуси ноҳия саҳми муносиб гузоштанд. Ин буд, ки давоми соли ҷорӣ дар арафаи иди Наврӯз 30 иншооти хурду бузург, ҷашни Ваҳдати миллӣ 15 иншоот, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 иншоот ва давоми моҳи ноябр 23 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   

Роҳнамоиву баракати ҷашни истиқлолият буд, ки дар як муддати кӯтоҳ роҳу кӯчаҳои байни деҳаҳо ва маҳаллаҳо сангфарш ва як қисмашон мумпӯш гардиданд. Ногуфта намонад, ки роҳи асосӣ аз даромадгоҳи ноҳия то маркази ноҳия, ки 13, 3 километрро ташкил медиҳад, солҳои сол рӯи таъмирро надида буд. Он иловатан ба нақша ворид карда шуда, бо ҷалби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия  дар муҳлати кӯтоҳтарин мумфарш гардид. Ҳамчунин, тасмим гирифта шудааст, ки ду канори ин роҳ то маркази ноҳия дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда мешавад. Аллакай ниҳолшинонӣ дар ин мавзеъ оғоз гардида, босуръат идома дорад. 

Баробари корҳои созандагиву бунёдкорӣ соҳаи кишоварзӣ, ки бахши асосии ноҳия ба шумор меравад, аз мадди назар дур нест. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми соли 2020-ум 668 миллиону 321 ҳазор сомониро ташкил  дод, ки ин назар ба соли қаблӣ 94,2 миллион сомонӣ зиёд аст.  Давоми соли гузашта ба қадри 13158 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин иҷрои нақшаро 100 фоиз таъмин менамояд. Ҳамчунин, истеҳсоли ғалладона бо ҷуворимаккаи дон 51310,1 тонна, сабзавот ба 61525,3 тонна, полезӣ 24843,2 тонна, меваҷот 8008 тонна, гӯшт 6033,7 тонна, шир 16704,7 тонна, истеҳсоли тухм ба 3 миллиону 201 ҳазор дона расонда шуд. Саршумори чорвою паранда низ нисбати соли қаблӣ зиёд гардид. Ин имкон медиҳад, ки соҳаи чорводорӣ боз ҳам рушду тараққӣ ёфта, истеҳсоли маҳсулоти он афзун гардонда шавад.

Қобили қайд аст, ки  аҳли меҳнаткаши ноҳия ба масъалаи самаранок иститфода бурдани замин, яъне  аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил, ки талаби айём аст, диққати зарурӣ медиҳанд.  Аз ҷумла, давоми соли 2020 бо истифодаи кишти такрорӣ 2548 тонна зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ, 4047 тонна дони ҷуворӣ, 8449 тонна сабзавот ва 4246 тонна полезӣ истеҳсол карда шуд. 

Давоми соли 2020-ум 4,781 гектар боғҳои нав бун-ёд гардида, зиёда аз 22 ҳазор ниҳолҳои гуногуни соя-афкану мевадиҳанда шинонда шуд.

Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси Пешвои   миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардид. Дар сурати пурра амалӣ гардидани ин ҳадаф имкон пайдо мегардад, ки Тоҷикистони азизи мо аз кишвари аграрӣ ба мамлакати аграриву саноатӣ табдил ёбад.    Аксар номгӯи маҳсулоти истеҳсолмекардаи ватанӣ дар ҳамин ҷо коркард шуда, ба хориҷи кишвар содир гардад. Иловатан, ин амали нек боиси он мегардад, ки ҳазорҳо нафар ҷавонон соҳиби ҷои кор гарданд. 

Дар ноҳияи мо низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Соҳибкорони ватандӯсти ноҳия ин ташаббуси наҷибро дастгирӣ намуда, тасмим гирифтаанд, ки дар амалӣ гардидани ин ҳадафи муҳим саҳми худро гузоранд.   Айни замон дар ҳудуди ноҳия 68 корхонаи хурду бузурги саноатӣ амал менамояд, ки аз ин миқдор 64 ададаш фаъол мебошанд. Тавассути фаъ-олияти пурсамари онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 121 миллиону 56 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки иҷрои дурнаморо 110,3 фоиз таъмин менамояд.

Вазъи иҷтимоӣ, умуман, зиндагии мардуми ноҳия сол аз сол беҳтару хубтар мегардад. Аксари эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ хеле боло рафт. Мардум аз хизматрасонии иҷтимоиву маишӣ бархӯрдор буда, музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 805,81 сомониро ташкил дода. қарздории музди меҳнат ва нафақаи пиронсолону маъюбон   ба назар намерасад, ба ҷуз музди меҳнати кормандони ҶСК «Тоҷиктелеком», ки 16500 сомониро ташкил медиҳад. Хуллас, агар мушкилоти хуруҷи бемории коронавирус «КОВИД-19»-ро сарфи назар намоем, ҷамъбасти соли 2020 барои аҳолии ноҳия бад набуд. Дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда, баҳри ҳифзи саломатии мардуми ноҳия  кори зиёде ба анҷом расонида шуд.

Аз фурсат истифода намуда, кулли мардуми шарафманди вилояту ҷумҳуриро ба фарорасии Соли нави милодии 2021 аз самими дил табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ, табъи хуш, зиндагии осуда ва комёбиҳои нав ба навро бахри рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон таманно менамоям.

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода