Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАР БОХТАР ДУКОНҲОИ РӮЗНОМАФУРӮШӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРДАНД

Матлабҳои охирин / Хабари рӯз

ДАР БОХТАР ДУКОНҲОИ РӮЗНОМАФУРӮШӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРДАНД

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуконҳои фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо ба фаъолият оғоз кард.

Тавре директори корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Сайдалӣ Мирзоев иттилоъ дод, дар маҷмӯъ дар шаҳри Бохтар 10 адад ин гуна дуконҳои замонавӣ насб хоҳанд шуд.

Номбурда, ҳамчунин, зикр кард, ки рӯзҳои наздик дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара ва Шамсиддин Шоҳин чунин дуконҳои хуштарҳу замонавӣ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Дар маҷмӯъ то соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон бояд 50 адад ҳамин гуна дуконҳои замонавии фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо сохта шаванд, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани онҳо 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. 

 

«Хатлон»

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода