Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иҷрои банди 2-и нақшаи кори Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба гузаронидани гаштҳои  санҷишӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо хусуси риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар коргузорӣ, шиору овезаҳо, аломатҳои роҳ ва ҳама намуди навиштаҷот аъзоёни Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ санҷиш гузаронида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ба масъулин супоришу пешниҳодҳо дода шуд. 

Гуфта шуд, ки моҳи майи соли равон масъалаи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар технологияи информатсионии ҷамоти шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва идораҳои дар қаламрави ноҳия фаъолияткунанда мавриди омӯзишу санҷиш қарор гирифта, имлои забони тоҷикӣ ба масъулин дастрас гардида, ҳуруфоти тоҷикӣ дар компютерҳои корӣ ворид карда шудааст. 

Ҳадафи аслӣ риояи қонун, имлои забони тоҷикӣ ва беҳ намудани сифати корӣ дар ин росто мебошад. 

 

С.АЗИЗОВ 

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода