Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ХАРҶИ 3341100 СОМОНӢ ДАР ТУЮ МАЪРАКАҲО

Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ

ХАРҶИ 3341100 СОМОНӢ ДАР ТУЮ МАЪРАКАҲО

Дар баргузории тую маъракаҳои шаҳрвандон давоми 12 моҳи соли ҷорӣ 1258 адад чорвои хурд запт карда шудааст, ки 523 адад нисбати соли гузашта кам мебошад, - афзуд мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Насриддин Розиқов. – 142 маъракаи чил, 118 маъракаи сол, 1258 тайи домодию арусӣ, 567 қайди акти никоҳ ва дар умум 1518 маъракаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки харҷи умумии онҳо ба ҳисоби миёна 3341100 сомониро ташкил медиҳад.

Давоми соли ҷорӣ 3 ҳолати қонуншиканӣ дар ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов, деҳаи М. Турсунзода 2 адад бо моддаи 11 банди 3 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 1160 сомонӣ ва як адад дар деҳаи Пасариқ бо моддаи 10 бо маблағи 290 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 2610 сомониро дар бар мегирад. 

Тибқи банди 2-и нақшаи кори бахш оид ба иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 «Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Дар ҳамаи ҷамоату деҳот ва шаҳрак, масҷидҳои ҷомеъ ва апнҷвақта корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба расонидани кумакҳои молию пулӣ ба оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон ва бепарасторон дар арафаи идҳои миллӣ мулоқоту суҳбатҳо гузаронида шудаанд. Аз тарафи комиссияи доимӣ 256 санҷишҳо гузаронида шуда, оид ба пешгирии қонунвайрониҳо ва роҳ надодан ба зиёдаравӣ 142 мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳи ба роҳ монда шудааст.

С.АЗИЗОВ   

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода