Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ОМОДАГИИ ШАБАКАИ БАРҚИ НОҲИЯИ ВАХШ БА ФАСЛИ САРМО

Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ

ОМОДАГИИ ШАБАКАИ БАРҚИ НОҲИЯИ ВАХШ БА ФАСЛИ САРМО

Ба иттилои масъулини Шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш барои дар сатҳи лозима гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони 2020-2021 як қатор трансформатор ва қисмҳои эҳтиётии он, симчуб, ҷудокунаки баландшиддат, ноқилҳои фарсудаву корношоям иваз ва таъмир карда шуданд.

Хусусан як адад трансформатори пурбор дар деҳаи Истиқлолият, илова намудани равғани трансформаторҳо, иваз намудани ҷудокунаки баландшиддати РЛНД-6-10кВ 15 адад, иваз намудани ноқилҳои фарсуда, иваз намудани оикҳои шикаста 100 дарсади нақша ва иваз намудани ҷудокунакҳои корношоями 0,4 бо муҳофизакҳои ПН 100 дарсади нақша иҷро карда шуданд.     

С. АЗИЗОВ

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода