Матлабҳои охирин / Хабари рӯз
ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ БА КОР ОҒОЗ НАМУДАНД
Ба иттилои бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сарфакоронаву оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шудааст. Гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Кӯлоб, ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо кор карда истодаанд.
Дар ин росто, гурӯҳҳои корӣ дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар байни аҳолӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ (сарфи назар аз шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда, инчунин самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ табодули афкор намуданд.