Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 15 декабр 12777 ҳолатро ташкил медиҳад.

«Дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12212 (95,6%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 88 нафар фавтидаанд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

khovar.tj
Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода