Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои таърихии Тоҷикистони ҷанубӣ


Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои таърихии Тоҷикистони ҷанубӣ



Кишвари мо ёдгориҳои зиёди моддӣ дорад, ки мутааллиқ ба давраҳои гуногунанд ва аз хеле куҳан будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Ҳар кадом бо тарзу услуби хос бунёд ёфта, ҳунармандии аҷдод, баландии маърифат ва дараҷаи тасаввуроту эътиқодоти онҳоро инъикос мекунанд.

утаассифона, ин ёдгориҳо дар тӯли таърих бар асари ҳуҷуми душманон хароб гардида,  то имрӯз дар шакли димна, хоктеппа, мазор ва вайронаҳо дар гирду гӯшаи сарзамин боқӣ монда, асрори афзун ва ҷаҳонбинии аҷдодро дар худ нуҳуфтаанд.

Тахти Сангин аз ҷумлаи ёдгориҳои пурарзиши аҷдод аст, ки дар вайронаҳояш таърихи куҳанро таҷассум карда, зери хок қиссаҳои рангину хунинро то замони мо нигоҳ доштааст.

Ин ёдгории беҳамто дар қисмати шарқии Қубодиён дар паси қаторкӯҳи Тешиктош дар соҳили рости рӯди Ому, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди харобаҳои шаҳркадаи мансуб ба асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ, «Хазинаи Амударё» маҷмӯаи ҷавоҳироту сиккаву ашёҳои сохташуда аз тиллову нуқраи марбут ба даврони шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо ошкор шуд.

Номи куҳнаи ёдгории мазкур Тахти Сангин нест ва ин унвон дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудааст, бинобар ин олимон шартан онро Тахти Сангин номиданд. Ва ҳам монандӣ бо Тахти Ҷамшед – пойтахти Эрони куҳан, ки дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд. 

Нигораҳое, ки ҳангоми ҳафриёт гузарондан аз ин мавзеи таърихӣ ёфт шудаанд, имрӯз дар осорхонаҳои дохилию хориҷӣ маҳфузанд. Зиёда аз 200 нигора дар осорхонаи Қубодиён ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин, қисме аз нигораҳо дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ганҷинаи бузурге, ки соли 1877 аз ин ҷо ёфт шудааст, ҳоло дар осорхонаи миллии Англия маҳфуз аст, бо номи «Хазинаи Амударё» ёд мешавад. 

Онро «ҷавоҳироти Окс» ҳам меноманд. Ин хазина иборат аз коллексияи ҷавоҳирот, ки аз 170 намуд нигораҳои тиллоӣ ва нуқрагин ва зиёда аз 1300 танга, ороишот ва зарфҳои хушсифати давраи Ҳахоманишиён иборат буд.

Соли 2006 бо ибтикори раиси вақти ноҳияи Қубодиён М. Исмоилов, ки тариқи ариза аз сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грем Лотен пешниҳоди овардани расмҳои он нигораҳоро карда буд, имрӯз ба мо аксҳои хазина расидаанд.

Тахти Сангин ёдгории беназири аҷдоди тоҷикон буда, омӯзиш ва донистани таърихи он ва «Хазинаи Амударё» барои ҷавонон дар ҷодаи худшиносӣ аҳамияти бузург дорад. Бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки мардуми ориёӣ дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳму нақши муҳим доштаанд. Аз дидани нигораҳои «Хазинаи Амударё» олимону муҳаққиқон ва бинандагон мафтун мешаванд. Ва яке аз омилҳои тарғибу ташвиқи шаҳрсозии бесобиқаи мардуми тоҷик ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон хоҳад гардид.

Тахти сангин яке аз қисмҳои таърихии минтақаи Мовароуннаҳр дар давраи эллинизм буд, ки он давраро “Трансоксиана” меномиданд. Шаҳркада тахминан 1,5-2 аср арзи вуҷуд намуд. Баъди зардуштон вай бо маданияти юнониҳо омехта гардид. Дар инҷо маданияти неолитӣ, яъне асри сангӣ кашф шудааст. Пораҳои олотҳои сангӣ пайдо шудааст ва маълум мешавад, ки мардум дар давраи неолитӣ зиндагӣ кардаанд. Онҳо дар соҳили дарё зиндагӣ ва шикор мекардаанд. Меъмороне, ки шаҳри «Тахти сангин»-ро сохтаанд, аз илмҳои математика ва геометрия дар сохтмони сангу биноҳо хуб истифода кардаанд.

Тахти Сангинро дар давраи Юнону Бохтар юнониҳо Оксиана меномиданд. Соли 2007 бостоншиносон як қисми устохонаи оҳангудозӣ – шакли гудозиши деги калонро ёфтанд. Ин аз корҳои оҳангудозии Бохтари қадим шаҳодат медиҳад. Инчунин, дар Бохтари қадим аз ченкунии юнонии вазн истифода мебурданд. Ин бозёфт дар намоишгоҳи Маннхаймеи Олмон ба тамошо гузошта шудааст. Нақшаи ин шаҳрак мисли нақшаҳои маъбади оташи форсӣ буда, ашёҳои сохтмонӣ аз маводҳои таҳҷоӣ, сутунҳои чорқирраи як тарафаш ба мағзи девор ҷой гирифта, меҳроб ва дигар ҷузъиёти сангӣ мисли ашёҳои эллинистӣ мебошанд.

Бостоншиносони фаронсавӣ дар соҳили ҷанубии Амударё, дар резишгоҳи дарёи Кокчадарё (Афғонистон) шаҳраки бутуни юнонии бо номи Ойхонумро кашф карданд. Нигораҳои ёфтшудаи Ойхонум нигораҳои Тахти Сангинро пурра мекунанд. Дар Ойхонум сохтмонҳои эллинистӣ, ба мисли театри юнонӣ ва дигар иншоотҳои меъмории эллинистӣ ёфт гардиданд. 

Дар кишварҳои дигар алоқамандону мухлисони бевосита шинос шудан ба маснуоти гаронбаҳои ин ганҷури оламшумул хеле зиёданд. Дар ҳамин раванд, соли 1978 бори нахуст «Хазинаи Амударё» аз Осорхонаи Британияи Кабир берун бароварда шуд. Онро дар Эрмитажи шаҳри Ленинград ба намоиш гузоштанд, вале перомуни соҳиби аслӣ ва офарандагони ин ганҷи бебаҳо сухан ба миён наомада буд. Акнун яхҳои сиёсӣ об шуданд ва ниёгони нодиракори мо ҳамчун эҷодкори бевоситаи он шинохта шудаанд. Моро мебояд, ки дар тарғиб ва омӯзиши ёдгории «Тахти Сангин» ва «Хазинаи Амударё» саҳми ҷиддӣ дошта бошем.

Файзиддин Наботов,
номзади илмҳои таърих

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода