Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » НАТИҶАИ ХУБИ ҲАМКОРҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният

НАТИҶАИ ХУБИ ҲАМКОРҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” 11 сол сипарӣ гардид. Тайи ин муддат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати он дар вилояти Хатлон ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал тадбиқ гардидани қонуни мазкур тадбирҳои мушаххас андешиданд. Феълан ин мақомот ҳамкориро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони ВАО, ҷавонон, донишҷӯён хуб ба роҳ мондааст. 

Дар воқеъ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон водор месозад, ки ҳар як шаҳрванди ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри пешгирӣ аз ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта, саҳми арзандаи хешро гузорад. Ин буд, ки зимни мулоқоти сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Шодӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, бобати ҳамкориҳои судманд баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ миёни наврасону ҷавонон, пешгирии ҷиноятҳо, ширкати шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сухан ронда, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори сипос намуд. 

Тавре ки зикр гардид, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як мамлакати амнтарин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, ки дар ин самт, албатта хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд аст. Ҷавонон ки имрӯз яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи ҷамъият маҳсуб мебошанд, мебояд  баҳри   рушду нумӯи ҷомеа бештар талош варзанд, илм омӯзанд ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошанд. 

Дар интиҳои вохӯрӣ ба як қатор фаъолон ҷиҳати ҳамкории дуҷонибаи судманд туҳфаҳои пуливу молӣ ва сипосномаҳо аз ҷониби Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  супурда шуд.

Вахшона, «Хатлон»

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода