Муайянкунандаи самти фаъолият
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 1 246
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ҷараёни инкишофи иқтисодию иҷтимоии давлатро дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода, дар назди тамоми кормандони мақомоти давлатӣ вазифаҳоро барои оянда муайян намуд.
Бобати эълон гардидани панҷсолаи рушди соҳаи саноат, такмилдиҳии сиёсати молиявӣ, андоз, банизомдарории санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дастур дода шуд.
Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари асосии содиркунандаи «энергияи сабз» ва кишвари транзитӣ дар манотиқи Осиёи Миёна табдил гардиданаш, содагардонии андозсупорӣ, баланд бардоштани музди меҳнати коргарон, вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дастгирии доимии бепарасторон ва ятимони кулл, маданияти истифодабарии заминҳои кишоварзӣ, баландбардории маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ғайра моро водор месозад, ки бештару хубтар фаъолият намоем.
Прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят кӯшиш намудаанд, ки аз рӯйи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва вилоят танҳо соли 2021 дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин дар ҳудуди вилоят бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо 429 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба 317 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда, барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон дар байни коллективҳои меҳнатӣ, корхонаҳои давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ 242 маротиба суҳбату вохӯрӣ гузаронида, мазмун ва муҳтавои қонунҳои ҷориро фаҳмонида додаанд.
Мо-кормандони прокуратураи вилояти Хатлон вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайяншударо дар фаъолияти ояндаи худ ҳамчун барнома ва дастури корӣ ба инобат гирифта, барои дар амал татбиқ намудани онҳо вазифадор мебошем.
Р. С. САНГИНЗОДА,
сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи якум