Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Инҳо “Чеҳраҳои муваффақ-2021”-и Хатлон мебошанд


Инҳо “Чеҳраҳои муваффақ-2021”-и Хатлон мебошанд



Рӯзномаи “Хатлон” ин навбат як қатор чеҳраҳои муваффақу маъруфи вилояти Хатлонро, ки бо корномаву фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои бесобиқаашон дар соли 2021 бештар аз дигар аъзои фаъоли ҷомеа мавриди таҳсин ва пазироии мардум қарор гирифтанду ному кори эшон дар забонҳо мечархид, барои хонандагони худ муайян ва муаррифӣ менамояд. Матлаби мазкур дар асоси маълумоте таълиф шудааст, ки аз ҷониби ташкилоту муассиса ва мақомоти дахлдори соҳаҳои гуногун, ки қаҳрамонҳои мо вобастаи ҳамон соҳаву самтҳо мебошанд, ба мо пешниҳод гардидааст.

 
Тамизгари сол
Ҳалима Дурманова нафақахӯри 65-сола аз шаҳри Бохтар мебошад. Ӯ бо меҳнати ҳалоли худ шабу рӯз кор карда, дар вилоят соҳиби обрӯву эҳтироми хосса гардидааст. Бо як меҳру муҳаббат ва садоқати беназир барои тозагии муҳити зист саҳм мегузорад. Ӯ дар КВД “Ширкати хонаҳо”-и шаҳри Бохтар ба ҳайси рӯбанда фаъолият дорад. Маҳз поксириштӣ, масъулиятпазирӣ ва рисолати неки ӯ буд, ки соли 2021 ба ӯ аз ҷониби Мақомои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хонаи истиқоматӣ туҳфа карда шуд.
 
Мо низ ҳамаи инро ба назар гирифта, дар соли 2021 ӯро «Тамизгари сол» дар вилояти Хатлон интихоб намудем.



 
Табиби муваффақ
Ба рӯйхати табибони муваффақи соли 2021-ум Ойматов Саъдӣ бо натиҷаҳои баланди меҳнатиаш шомил гардид. Ӯ ба ҳайси комбустиолог дар шуъбаи ҷарроҳии умумии беморхонаи клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови вилояти Хатлон кору фаъолият менамояд. Бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳамчунин барандаи озмуни «Табиби сол» гардидааст.
 






Мураббии муваффақ
Мунира Ризоева. Ӯ дар даври муассисавӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ унвони “Мураббии сол”-ро соҳиб гаштааст. Соли 2013 тақдир ӯро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ овард. Дар ихтисоси педагокика ва методикаи таълими ибтидоӣ таҳсил карда, дар рафти омӯзиши фанҳои донишгоҳӣ, инчунин, барои таҷрибаи корӣ ба кӯдакистони рақами 24-и ба номи «Савсан»-и шаҳри Бохтар рафта, бо кӯдакон ҳар гуна омӯзишу бозиҳои шавқовар мегузашт. Ҳоло мураббияи кӯдакистони номбурда мебошад.
 



Варзишгари муваффақ
Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Дилшод Бозоров чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон доир гашт, бар ҳарифони худ пирӯз гардида, соҳиби мақоми аввал шуд ва Парчами кишварро баланд бардошту ба номи худ рекорди наверо сабт намуд. Ҳамчунин, беҳтарин варзишгарест, ки ҳамеша аз мусобиқаҳои иштироккардааш бо медал ба хона бармегардад.
 
Дилшод дар суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” дар бораи дастоварди худ дар Чемпионати Осиё байни калонсолон дар вазни 60 килограмм, ки рӯзҳои 17 декабри соли 2021 дар кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон доир шуд, чунин нақл кард: “Рақибони ман дар ин мусобиқа аз кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буданд. Албатта, мубориза бо онҳо мушкил буд, вале тавонистам ҳарифонамро мағлуб карда, ба мақсади худ бирасам. Пайваста тамрин мекунам, ки боз ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ кишвари соҳибистиқлоли худро муаррифӣ намоям”.
 
Дилшоди ҷавон дар корномаи варзишиаш 12 медали тилло аз мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба даст овардааст. Ӯ бо вуҷуди шавқу рағбати беандоза доштан ба варзиш, ҳамзамон донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
 
Имсол бо қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ навъи варзиши Муайтай ба Бозиҳои олимпӣ шомил гардид. Боварӣ дорем, ки Дилшод ба бозиҳои Олимпии Париж-2024 роҳхат гирифта, бо медали тилло бармегардад ва бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Барояш комёбӣ мехоҳем.
 
Сухангӯи муваффақ
Далер Шарифов, сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб. Ӯ яке аз навоварон ва шахси серталош дар вилоят мебошад. Аккос ва наворбардори касбӣ аст. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст. Бо ВАО ҳамкории зич дошта, аз чорабиниҳои муҳим хабару гузоришҳоро фаврӣ пешниҳод менамояд.
 



Донишҷӯи муваффақ
Афзалшоҳ Сироҷиддинов, донишҷӯи комёби Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад, ки чанде пеш дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиби ҷойи дуюм гардид.
 
Афзалшоҳ ҳоло донишҷӯи курси чоруми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
 
Ӯ ҳамеша ба дарсҳо бо омодагии ҷиддӣ ҳозир мешавад. Чунин муносибат бо раванди таълим дар факултет ба ӯ имконият медиҳад, ки нимсолаҳои таълимро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намояд. 
 
Афзалшоҳ гирандаи стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Шаҳодатномаи раиси вилояти Хатлон барои сазовор гаштан ба ҷойи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ниҳоят дар даври ҷумҳуриявӣ озмун сазовори дуюм гардидааст.
 


Сарбози сол
Ҳасан Сафархӯҷаи Акбарзод, зодаи ноҳияи Фархор мебошад. Марҳум дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар Ҷамоати “Ворух”, дар вақти ҳимоя намудани раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпер ба ҳалокат расид.
 




Омӯзгори муваффақ
Касби омӯзгорӣ кори саҳлу осоне нест. Чунки омӯзгор ҳастии худро ба донишандӯзии фарзандони халқ сарф менамояд. Барои босавод, бомаърифат, соҳибҳунар ва соҳибкасб шудани шогирдон шаборӯз заҳмат мекашад. Шавкат Тағоев аз зумраи чунин омӯзгорони асилест, ки бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва донистани рисолати касбӣ дар ҷомеа боэҳтиром ва соҳибқадр гардидааст. Шавкат Тағоев барои дар роҳи илму дониш босавод гардонидани шогирдон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шудааст.
 
Чунин фаъолияту заҳматҳои шабонирӯзиаш буд, ки ӯро соли 2021 “Омӯзгори сол” дар вилояти Хатлон интихоб карданд. Бо ин мақсад масъулияти чунин фаъолону фидоиёни касби омӯзгорӣ дучанд гардида, баҳри рушду босавод гардидани шогирдон саҳми босазои худро мегузоранд.
 
Олими муваффақ
Амиршо Қурбонов яке аз устодони комёбшудаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад, ки дар соли 2021 рилосаи доктории худро аз рӯйи илмҳои техникӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои химия гаштааст.
 
7 июни соли 2021 ӯ рисолаи докториашро дар мавзӯи “Асосҳои технологии коркарди маъданҳои боросиликатӣ бо методҳои кислотагӣ ва гудохтан” аз рӯи ихтисоси 05.17.01 –Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ бо муваффақият ҳимоя намуд. Рӯзи 29 ноябри соли 2021 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи доктории Амиршо тасдиқ шуда, ӯ сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои химия гашт.
 
Амиршо Қурбонов муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, 2 монография, 3 ихтироот (нахустпатент) ва 5 дастури таълимию методӣ мебошад.
 
P.S.Тасмим гирифтем, ки ин анъанаро минбаъд низ ба таври доимӣ идома диҳем ва дар солҳои оянда чеҳраҳои муваффақи нави вилоятро ба хонандагони хеш ошно намоем. Ҳар нафар аз миёни хонандагони мо ва умуман, сокинони шарафманди вилояти Хатлон метавонанд дар ин рӯйхат дар шумораҳои оянда роҳ ёбанд. Барои
 ин танҳо дар хизмати мардуми сарзамин садоқатмандона талош кардан, баҳри ободтару зеботару пешрафтатар гаштани диёр ва ояндаи дурахшонтар аз дирӯзу имрӯз доштани он саъй варзидан кофист.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода