Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҚАСАМЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният

ҚАСАМЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин нишони садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳисоб рафта,   ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ иҷрои онро қарзи шаҳрвандӣ ва нангу номуси ватандорӣ   медонанд.

Дар қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавӣ бахшида ба савганд-ёдкунии наваскарони навдаъватшудаи доир гардид.

Дар  чорабинӣ Р. Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, волидайни наваскарон ва роҳбарияти қисми низомӣ иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назарзода, дар  ҷамъомад суханронӣ намуда, қайд кард, ки ба Артиши миллӣ ба хизмат рафтани ҷавонон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромада, онҳое ки ба хизмати Ватан-Модар сафарбар карда мешаванд, маросими савгандёдкунӣ барояшон ҳамчун санаи фаромӯшнашаванда ва хотирмон боқӣ хоҳад монд.

 Донишу маърифат ва фарҳангу маданияти сарбозон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо воқеъан бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.

Дар охири  ҷорабинӣ   дастаи  махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба сарбозони навдаъватшуда ва меҳмонон таҷҳизоти нави наҷотдиҳӣ   ва тарзи истифодабарии онҳоро намоиш доданд. 

Комрони БАХТИЁР,

“Хатлон”

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода