Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БАРҚАРОРШАВИИ АНОРБОҒ

Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ

БАРҚАРОРШАВИИ АНОРБОҒ

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз минтақаҳои аграрии вилоятамон ба ҳисоб меравад. Махсусан дар соҳаи боғи анор. Дар замони шӯравӣ анори Дашти Ҷум Анорбоғ дар масоҳати 110 гектар, ки дар деҳаи Ёл солҳои 1975-1978 аз тарафи Хоҷагии ҷангали «Дашти Ҷум» бунёд ёфта дар манотиқи кишвар машҳур буд. Аммо,   имрӯз  анори «Дашти Ҷум» худро  на дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва на дар бозорҳои  хориҷ хуб нишон дода метавонад, чунки масъалаи танқисии об мушкилоти асосии инҷост. 

Сафаров Шариф деҳқони асилест, ки оилавӣ дар ободӣ ва нашъунамои анорбоғи деҳаи Ёл  имрӯзҳо кӯшиш менамояд, Ӯ роҳбари хоҷагии деҳқонии «Маҳмадалӣ» буда, аз ҳисоби 110 гектар анорбоғи деҳаи Ёл 20 гектарашро дар саҳми худ дорад.  Ҳангоми суҳбат  бо мо ин боғдори асил чунин гуфт: «Боғи анори деҳаи Ёл замоне бунёд шуда буд, ки дар ин деҳа 30 хоҷагӣ зиндагӣ мекард. Қариб ҳамаи  мардум саҳми худро  дар   ин  боғ  доштанд. Аз ҷумла, ман ҳам 1 гектару 5 садяк боғ дош-там.  Дар он замон анор ҳосили фаровон медод. Мардум аз саҳми доштаи худ зиндагии хешро пеш мебурданд. Аммо, бо мурури вақт аҳолии ин деҳа зиёд шуду об кам. Оби мавҷуда барои истифодаи аҳолӣ басанда нест. Аз сабаби нарасидани об ҳосили меваи анор кам шуду  мардум   аз саҳми доштаи худ даст   кашиданд. Соли 2009  бо қарори раиси ноҳия, барои нигоҳубин кардани боғ, 20 гектаро ба номам ҳуҷҷат карда доданд».  

- Як масъалаи нигаронкунандаи дигар дар он аст, ки беморие хуруҷ кардааст, ки ҳарчанд кӯшиш мекунем  табобати онро намеёбем, - қайд мекунад Шариф Сафаров. 

Барои аз байн нарафтани анорзор ҳарчи зудтар олимони соҳа бояд даст ба кор шаванд. Набудани об сабаби поймол намудани боғ.  Дарёи Панҷ тахминан 3 км аз ин анорбоғ дур аст ва метавон ин боғро аз ҳамин дарё обёрӣ кард. Ӯ мегӯяд, ки рӯзе аз рӯзҳо ҳатман аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон анорзори деҳаи Ёл аз нав ба об таъмин мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақти сафарашон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз анори Дашти Ҷум ёдовар шудаанд. Сафаров Шариф омодааст, ки барои обёрӣ намудан ба ин анорбоғ саҳми худро гузорад. - Мо метавонем баъди таъмин шудани об баракати анори «Дашти Ҷум»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор кунем, - қайд мекунад ин шахси наҷиб, ки баъди обёрӣ шудан ва барқарор гардидани боғ ҳадафи сохтани коргоҳи «Афшӯрабарорӣ»-ро дорад. 

Дар ҳақиқат, барқарор шудани боғи анори деҳаи Ёл ба нафъи мардум мебошад. Чунки 110 гектар анорбоғ метавонад тамоми мардуми деҳаи Ёлро ба кор таъмин кунад. Он гоҳ онҳо на муҳоҷир шуда ба хориҷа мераванду на бекор мемонанд. 

 

Назиров Мизробшо, 

донишҷӯ

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода