Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ИТТИЛОИЯ

Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният / Маориф ва илм

ИТТИЛОИЯ

аз ҷаласаи Шӯрои рушди маориф

ва ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи кӯдак

3 декабр дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, муовинони соҳавӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи Шӯрои рушди маориф баргузор гардид. Дар ҷаласа якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст раиси Шӯро, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро оғоз намуда, таъкид намуд, ки дар Шӯро масъалаҳои вобаста ба соҳа мавриди баррасӣ қарор мегирад. Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Лутфуллоев Сайфулло зимни суханрониаш иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилоят дар бораи тасдиқи нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2015-2020 корҳои муайяне ба сомон расидааст. Дар ин самт барои баланд бардоштани маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, забономӯзию забондонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирандешӣ намудаанд. Дар миқёси вилоят соли ҷорӣ   дар муассисаҳои таълимии вилоят 6 ҳазору 418 нафар омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият менамоянд. Ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол шумораи омӯзгорони фанҳои зикргардида бамаротиб зиёд шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои номбурда, барномаи давлатии такмили таълим барои солҳои 2015–2020 қабул гардидааст. Ҳамасола аз рӯи ин фанҳо баргузории олимпиадаҳо собит менамояд, ки забондонии хонандагон беҳ гардида, онҳо бо иштироки фаъолона дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд.

Раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб Арафамоҳ Даминова дар бораи қарори раиси вилоят оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ барои солҳои 2012–2020” дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ибрози андеша намуд. Дигар иштирокдорон аз рӯи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои рушди маориф андешаҳояшонро баён намуданд. Таъкид гардид, ки иштироки хонандагон дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ боз ҳам тақвият бахшида шавад. Дар ҷаласа бобати дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ибрози андеша гардид.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба вуқӯъ пайваст.

Абдуллозода Хатича бобати амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки новобаста ба амалишавии қонуни мазкур ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе аз волидон бемасъулиятӣ дар самти таълиму тарбияи фарзандон ба мушоҳида мерасанд. Масъулинро мебояд пеш аз ҳама корҳои оммафаҳмониро миёни аҳли ҷомеа ҷоннок намуда, кӯдаконеро, ки аз таълим дур мондаанд, ба маҳфилҳои фаннӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намоянд. Дигар иштирокдорони ҷаласа бобати қонуншиканиҳо ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҳисоби ноболиғон ёдовар гардиданд. Муовини раиси вилоят ба муовинон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти ҳамкорӣ намудан бо котибони комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, комиссияҳои ҷамъиятӣ дастур доданд, ки ҳамкориро дар самти бартараф намудани мушкилоти мавҷуда тақвият бахшанд. Танҳо дар якҷоягӣ ва фаъолияти мунтазам метавонем  ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ҳамчун насли ояндасози кишвар муваффақ гардем.

Сипас, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба ғолибони озмуни вилоятӣ «Навқалами умедбахш», ки бо ибтикори раиси вилоят роҳандозӣ гардидааст, туҳфаҳои пулӣ ва ифтихорнома тақдим намуд. Боиси қайд аст, ки озмуни мазкур аз рӯи се номинатсия: “Шеъри беҳтарин”, “Афсонаи беҳтарин” ва “Ҳикояи беҳтарин” гузаронида шуд. Ғолибони ҷойи аввал аз рӯи номинатсияҳои зикргардида ба маблағи 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ, ҷойи сеюм бошад, 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Номинатсияи «Шеъри беҳтарин» насиби Ҷобирзода Ситора, аз муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Норак, номинатсияи «Афсонаи беҳтарин» насиби Сафарзода Сангимоҳ Ғазалшо, аз ноҳияи Фархор ва номинатсияи «Ҳикояи беҳтарин» бошад, насиби Абдуллоев Бузургмеҳр, аз шаҳри Норак гардид.

Ҳамзамон, ба омӯзгороне, ки дар омода кардани шогирдон саҳмгузорӣ намудаанд ва иштирокдорони фаъоли ин озмун бо ифтихорнома ва мукофотпулии раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода