Дар як сатр
Навгониҳо дар «Гулвард»
09:4105 июн

Навгониҳо дар «Гулвард»

ҶДММ «Гулвард» яке аз корхонаҳои муваффақи истеҳсоли қолинҳо ва дигар ҳунарҳои миллӣ мебошад, ки се сол қабл дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои халқӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт
09:4016 феврал

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Бо қадамҳои корвониёни пуранвор аз маърифату иттилооти сара, хизматрасониҳои ройгону маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, ки аз як маҳал ба маҳалли дигар мерасад, ҳадафи он бештар рӯшан гардида, ба истиқболашон чорабиниҳои пурмуҳтавою ибратбахш ташкил меёбанд. Ин маънӣ дар ноҳияи Ёвон баръало мушоҳида гардид.

«Корвони маърифат» ба роҳ баромад
15:4301 феврал

«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

Яке аз иқдомҳои ҷолиб ва пурсано дар роҳи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ташкили «Корвони маърифат»-и вилоят мебошад, ки он ба истиқболи 20-солагии Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, дар нақша-чорабиниҳои имсолаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мақом пайдо намудааст. Тибқи нақша «Корвони маърифат» аз маркази вилоят 28 январ ба роҳ баромада, аввалин вохӯрии худро бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз бахшид.

Вакилон Паёмро шарҳ медиҳанд
10:3930 январ

Вакилон Паёмро шарҳ медиҳанд

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ва Гулнисо Ашӯрова бо аҳли маҳал баргузор гардид.

Вохӯрии депутати парламент бо мардум
11:1517 феврал

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сафаралӣ Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайъати тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, доир ба нуктаҳои асосии Паёми солонаи Сарвари давлат ва раъйпурсии умумихалќӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳои ноҳия, бо мардум вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Умри ибратбахши табиби музофотӣ
14:0420 ноябр

Умри ибратбахши табиби музофотӣ

Дар ҳаёт ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳамеша сифаташ мекунанд. Дар борааш хурду калон, шиносу корафтода, ёру дӯст, ҳамнишину ҳамкор дар ҳозиру ғоиб суханони нек мегӯянд, рафтору гуфторашонро намунаи ибрат нишон медиҳанд. Ҳатто нотавонбинон бо ҳасад аз мавқею ҷойи кораш бамавриду бемаврид гап мезананд, бехабар аз он ки ҳеҷ гоҳ касбу вазифа одамро не, балки инсон вазифаю корро баландмартаба мегардонад. Маҳмадшариф Сатторов аз қабили инсонҳоест, ки дар зиндагӣ покӣ, дар гуфтор ростӣ, дар рафикӣ ҷонфидоӣ, дар кор масъулияти баланд, дар оиладорӣ намунагӣ, дар ободгароӣ иқдомпазирӣ, дар байни мардум хислати ҳамидаро дорост. Кас мехоҳад дар борааш ҳар чи бисёртар нақл кунад, аз ҳаёту рўзгораш қиссаҳо таълиф кунад, то рӯзгоре боқист шарҳи ҳоли ин қабил инсонҳои шарифро дигарон донанду аз мактаби ибратомӯзи ҳаёташ сабақ гиранд.

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот
12:0011 ноябр

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Ба истикболи ҷашни милитсияи тоҷик дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади тантанавии хотирмон доир гардид. Дар ҷашнвора, ки дар варзишгоҳи марказӣ баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ, генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода штирок доштанд.

Оила маънии хушбахтиро дорад
18:3628 май

Оила маънии хушбахтиро дорад

Дуруст аст, ки солҳои душвори даврони гузариш бо сабаби паст будани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон як муддат дар самти фаъолияти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ душвориҳо пеш омада буд. Оила барпо намудан бе гузаштан аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё таваллуди хонагӣ оқибат ба зӯроварии хонаводагӣ нисбати зан, ҷудо шудани оилаҳо, бисёрзанӣ барин амалҳои номатлуб оварда мерасонад. Хушбахтона, аз бозе, ки Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар ҳаёт ҷорӣ гардид, самти фаъолияти мақомоти мо низ батадриҷ беҳтар шуд.

Хаймаҳои ҳикматбори Хайём
21:5202 январ

Хаймаҳои ҳикматбори Хайём

Оё ҳақ дорем, як умри кӯтоҳи худро, ки дар ин дунёи фонӣ ба сар мебарем, гузорем бо бадномӣ равад? Чаро накӯшем, то он сармояи ҳастиро, ки Худованд лоиқ дидааст ва метавонем онро идора кунем, андаке бошад ҳам, ба нафъи касею чизе сарф нанамоем?!