СОҲИБКОРОНИ ХАТЛОН БА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАЪВАТ МЕШАВАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 20
![]()
Аз 13 то 16 октябри соли 2026 дар Маркази намоишгоҳӣ ва конгрессии «TÜYAP»-и шаҳри Стамбули Ҷумҳурии Туркия 31-умин Намоишгоҳи байналмилалии бастабандӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо - «Eurasia Packaging 2026» баргузор мегардад.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон ва ширкатҳои вилояти Хатлонро барои иштирок дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ даъват менамояд. Чорабинӣ барои муаррифии маҳсулот, омӯзиши технологияҳои муосир, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо ширкатҳои хориҷӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Тибқи барномаи махсус, барои иштирокчиёни намоишгоҳ ду шабонарӯз иқомат дар меҳмонхона, интиқол дар хатсайри «меҳмонхона - маҷмааи намоишгоҳӣ - меҳмонхона» ва промокод барои бақайдгирии ройгони онлайн пешбинӣ шудааст.
Муҳлати ниҳоии бақайдгирӣ барои иштирок дар намоишгоҳ 14 сентябри соли 2026 муқаррар гардидааст.
Ширкатҳо ва соҳибкорони ҳавасманд метавонанд, маълумоти муфассалро аз сомонаи , тавассути почтаҳои электронии tuyapgeorgia@tuyap.com.tr, tuyapgeorgia@gmail.com ё рақами телефонии +995 (322) 25 17 81 дастрас намоянд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...