Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ




Имрӯз, 1 сентябр, дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, профессорону омузгорон, донишҷуён ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмононро ба ифтихори оғози соли нави таҳсил таҳният гуфт.

Дар идомаи ҷамъомад  Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, суханронӣ намуда, устодону донишҷуёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик гуфт.

Раиси вилоят зимни ироаи сухани шодбошии худ нақши илму дониш, маориф ва омузгорро дар рушди ҷомеа ва пешрафти давлат муҳим арзёбӣ намуда, ба донишҷуён дар роҳи донишандузӣ, азхуд намудани илмҳои муосир ва интихоби дурусти касб муваффақият орзу кард. Ҳамчунин, ба профессорону омузгорон дар фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир комёбиҳо таманно намуд.


Дар идомаи суханронӣ ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи асосии рушди соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки маҳз дар фазои сулҳу оромӣ барои ҷавонон шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, омӯзиши илмҳои муосир, рушди истеъдод ва татбиқи иқтидори зеҳнӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон ҷавононро ба истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи давлат, донишандузии пайваста, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода