МУКОФОТИ ОЛИИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД, МУҲТАРАМ РАИС!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 43
![]()
Имрӯз дар Қасри миллат маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, соҳибкорон, намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот ва дигар бахшҳо, инчунин як гурӯҳ собиқ вакилони Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II сарфароз гардиданд.
Дар ҳақиқат, солҳои охир бо роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи муҳтарам Раис дар вилояти Хатлон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтори муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинон тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Имрӯз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рӯз аз рӯз ободу зебо, сарсабзу хуррам гардида, дар доираи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат корҳои бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Бо камоли эҳтиром Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ба муносибати сарфароз гардиданашон бо мукофоти олии давлатӣ - ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II аз номи аҳли эҷоди рӯзномаи "Хатлон" самимона табрик мегӯем.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00