ҲАМАДОНӢ: ДАР ДУ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НОҲИЯ МАРКАЗҲОИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 50
![]()
Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҷамоати деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - Хоҷамуъмин ва Даштигуло марказҳои нави хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Иншооти мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои зарурӣ дар маҳалли зист равона шудаанд.
Дар деҳаи Хоҷамуъмин маркази хизматрасонӣ бо маблағгузории соҳибкор Каримов Аркониддин бунёд гардида, дар он сартарошхона, дорухона ва мағозаи хӯрокворӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигуло бо ташаббуси соҳибкор Шамонов Холмурод маркази нави хизматрасонӣ сохта шуда, дар он ошхона, мағозаи хӯрокворӣ ва дукони гӯштфурӯшӣ ҷойгир гардидаанд.
Дар маросими ифтитоҳи ҳар ду иншоот раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фаррухуддин Набизода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Саидзода иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки бунёди чунин марказҳо дар деҳот на танҳо сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро беҳтар менамояд, балки барои рушди соҳибкории хурду миёна, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ободу зебо гардидани маҳал низ мусоидат мекунад.
Масъулон соҳибкоронро барои саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ қадрдонӣ намуда, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолияти марказҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ба аҳолӣ тавсияҳои зарурӣ доданд. Бунёди чунин иншоот дар ҷамоатҳои дурдаст ба фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот мусоидат хоҳад кард.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...