Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР НОҲИЯИ ЁВОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД


ДАР НОҲИЯИ ЁВОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД




Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар деҳаи Дарагии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корхонаи истеҳсоли оҳаки сохтмонии ҶДММ «Ғаюр индастриал» мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти сохтмонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръат — таъсис ва таҷдид гардидааст.

Дар раванди таҷдиду азнавсозии корхона ба он таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ ворид ва васлу насб карда шуда, иқтидори истеҳсолии коргоҳ ба таври назаррас афзоиш дода шудааст. Истифодаи технологияи нав имкон медиҳад, ки раванди истеҳсолот бо риояи талаботи муосир ба роҳ монда шуда, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардад.

Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ, тибқи хулосаи мутахассисон, ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ буда, дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ, имкони содироти он ба хориҷи кишвар низ мавҷуд мебошад. Ин омил барои рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ аҳамияти муҳим дорад.

Барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ 50 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, корхона барои таъсиси 200 ҷойи кори доимӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамин тариқ, ба истифода додани коргоҳ барои сокинони маҳаллӣ имкониятҳои нави шуғл фароҳам оварда, дар беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолии деҳоти атроф саҳм хоҳад гузошт.

Қобили зикр аст, ки дар давраи таҷдиду азнавсозии корхона беш аз 50 нафар шаҳрвандон ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот ҷалб гардида, бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Барои кормандони корхона низ шароити мусоиди меҳнат фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, онҳо бо нақлиёти хизматӣ барои рафтуомад, либоси корӣ ва хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Таъмини кормандон бо чунин шароити зарурӣ ба баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, риояи талаботи бехатарӣ ва ташкили муҳити муносиб барои фаъолияти истеҳсолӣ мусоидат мекунад.

Фаъолияти корхонаи «Ғаюр индастриал» дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, барои рушди соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ аҳамияти муҳим дорад.

Истеҳсоли оҳаки сохтмонӣ дар дохили кишвар имконият медиҳад, ки талаботи соҳаи сохтмон ба ин навъи маҳсулот бештар аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин гардида, вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш дода шавад.

Бо афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар гардидани сифати маҳсулот корхона метавонад дар оянда доираи истеҳсолот ва бозори фурӯши худро васеъ намуда, барои рушди содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ низ саҳм гузорад.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли оҳаки сохтмонии ҶДММ «Ғаюр индастриал» дар ноҳияи Ёвон намунаи татбиқи иқдомҳои созанда дар самти рушди саноат, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Иншооти мазкур дар маҷмӯъ ба рушди саноати маҳаллӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии босифат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, дар татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода