ДАР НОҲИЯИ ЁВОН СЕ ТРАНСФОРМАТОРИ НАВИ ҚУДРАТӢ БО ТАВОНОИИ УМУМИИ 141 ҲАЗОР кВА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 45
![]()
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид се трансформатори нави қудратӣ дар зеристгоҳи барқии Ёвон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди соҳаи энергетика ва таъмини устувори неруи барқ амалӣ гардида, барои таҳкими заминаҳои иқтисодиву истеҳсолии ноҳияи Ёвон аҳамияти муҳим дорад.
Дар зеристгоҳи барқии Ёвон, ки дорои шиддати 220/35/10-6 кВ мебошад, се адад трансформатори қудратӣ насб гардидааст. Тавоноии умумии таҷҳизоти нави энергетикӣ 141 ҳазор кВА-ро ташкил медиҳад. Барои насб ва ба истифода додани ин трансформаторҳо дар маҷмӯъ 19,8 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
То татбиқи ин лоиҳа иқтидори трансформаторҳои амалкунандаи зеристгоҳ ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодии ноҳия пурра ҷавобгӯ набуд. Махсусан дар фаслҳои тобистон ва зимистон, ки талабот ба неруи барқ зиёд мегардад, маҳдуд будани иқтидор боиси ба миён омадани мушкилот дар таъмини аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар иншооти иқтисодиву истеҳсолӣ мегардид.
Норасоии иқтидори барқӣ дар навбати худ барои рушди истеҳсолот, бахусус соҳаи саноат, монеа эҷод карда, имкониятҳои корхонаҳоро барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ маҳдуд менамуд.
Бо насби трансформаторҳои нави қудратӣ иқтидори техникии зеристгоҳ аз 80 ҳазор кВА то 221 ҳазор кВА расонида шуд. Ин афзоиши назарраси иқтидор барои беҳтар намудани таъминоти барқии аҳолӣ ва тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия заминаи устувор фароҳам меорад.
Иқтидори иловагии ба вуҷудомада имкон медиҳад, ки талаботи афзояндаи аҳолӣ ба неруи барқ қонеъ гардида, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти истеҳсолӣ бидуни маҳдудиятҳои қаблӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия шароити мусоидтар фароҳам мегардад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими ба истифода додани трансформаторҳои нав коҳиш ёфтани хавфи сарбории аз ҳад зиёд ва садамаҳои техникӣ дар шабакаҳои барқӣ мебошад. Бо баланд гардидани иқтидори зеристгоҳ эътимоднокӣ ва устувории низоми таъминоти барқ дар ноҳия ба таври назаррас беҳтар шуда, сифати хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон боло хоҳад рафт.
Фаъолияти устувори низоми энергетикӣ барои рушди саноат ва иқтисодиёти маҳаллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Таъмини боэътимоди неруи барқ ба корхонаҳои саноатӣ имконият медиҳад, ки иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолиро самаранок истифода намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш диҳанд.
Ҳамзамон, фароҳам омадани иқтидори нави энергетикӣ барои таъсиси корхонаҳои нав, бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин раванд метавонад ба рушди минбаъдаи саноатикунонии босуръати ноҳия ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Мавриди истифода қарор гирифтани се трансформатори нави қудратӣ дар зеристгоҳи барқии Ёвон барои аҳолии ноҳия низ аҳамияти муҳим дорад. Зеро таъминоти устувори неруи барқ яке аз омилҳои асосии беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум буда, барои фаъолияти муназзами муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим шароити зарурӣ фароҳам месозад.
Дар маҷмӯъ, ба истифода додани иншооти нави энергетикӣ қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори барқии ноҳияи Ёвон ба ҳисоб рафта, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...