ДАР НОҲИЯИ ЁВОН МАҶМААИ САВДОЮ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ИСТЕҲСОЛИИ «ҲАФТ АВРАНГ» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 48
![]()
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истеҳсолии «Ҳафт авранг» мавриди истифода қарор дода шуд.
Маҷмааи мазкур бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмини сокинон бо маҳсулоти баландсифати хӯрокворӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ гардидааст.
Иншооти нав дар натиҷаи татбиқи иқдоми соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибмулки ҶДММ «Муқим-1» бо харҷи 4 миллион сомонӣ таҷдид гардида, дар раванди корҳои сохтмонӣ аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ истифода шудааст. Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ маҷмаа ба талаботи муосир мутобиқ гардида, барои фаъолияти самараноки коргоҳҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ омода шудааст.
Маҷмааи «Ҳафт авранг» аз таҳхона ва ду ошёнаи болоӣ иборат буда, дар он якчанд самти фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар таҳхонаи бино коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ин коргоҳ истеҳсоли маҳсулоти гуногуни қаннодӣ ба роҳ монда шуда, барои таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти хушсифату тозаи истеҳсоли ватанӣ замина фароҳам меояд.
Ошёнаҳои якум ва дуюми маҷмаа ба марказҳои савдою хизматрасонӣ ва тарабхона ҷудо гардидаанд. Мавҷудияти чунин маҷмааи бисёрсоҳа ба сокинон имкон медиҳад, ки дар як макон аз хизматрасониҳои гуногун истифода бурда, маҳсулоти зарурии мавриди ниёзро дастрас намоянд.
Яке аз дастовардҳои муҳими ба истифода додани маҷмааи мазкур фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо ба роҳ мондани фаъолияти пурраи иншоот беш аз 200 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин иқдом дар самти паст намудани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ дар ноҳия аҳамияти муҳим дорад.
Бунёду азнавсозии чунин иншооти тиҷоратию истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, ба рушди соҳибкории маҳаллӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, фаъолияти коргоҳи қаннодӣ метавонад барои фароҳам овардани имкониятҳои нави истеҳсолӣ ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти пешниҳодшаванда замина гузорад.
Дар маҷмӯъ, маҷмааи «Ҳафт авранг» намунаи татбиқи иқдоми соҳибкорӣ дар самти рушди инфрасохтори савдо, хизматрасонӣ ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии ноҳияи Ёвон мусоидат хоҳад кард.
Мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи мазкур дар рӯзҳои сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои сокинони ноҳияи Ёвон рӯйдоди муҳим ба шумор рафта, шаҳодати он аст, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия иншооти нави истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд ва мавҷудаҳо таҷдид мегарданд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00