Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР НОҲИЯИ ЁВОН БИНОИ ОСОРХОНАИ КИШВАРШИНОСӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД


ДАР НОҲИЯИ ЁВОН БИНОИ ОСОРХОНАИ КИШВАРШИНОСӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД




Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои таъмиру таҷдидшудаи Осорхонаи кишваршиносии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Осорхонаи мазкур дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии ҷамоати шаҳраки Ёвон ҷойгир буда, бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин гиромидошти мероси таърихию фарҳангии ноҳияи Ёвон аз нав таҷдид гардидааст.

Барои таъмиру таҷдид ва мутобиқ намудани бино ба талаботи муосир аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1,2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ ва таҷдидӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шудаанд. Дар натиҷа, барои ташкили намоишгоҳҳои доимӣ ва мавсимӣ, нигоҳдории бозёфтҳои таърихӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии ноҳия шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.

Осорхонаи нав аз 5 толори намоишӣ ва 1 даҳлез иборат буда, дар он имкони ба роҳ мондани намоишгоҳҳои гуногуни мавзӯӣ фароҳам мебошад. Толорҳои намоишӣ барои муаррифии осори таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии ноҳияи Ёвон пешбинӣ шудаанд.

Дар осорхона ба ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ноҳия таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Зеро ноҳияи Ёвон дорои таъриху фарҳанги ғанӣ буда, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии он метавонанд барои омӯзиши таърихи минтақа ва тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ дар байни насли наврас аҳамияти муҳим дошта бошанд.

Таъсиси шароити муосир дар осорхона имкон медиҳад, ки сокинону меҳмонони ноҳия бо таърихи гузашта, фарҳанг, урфу одат ва ҳунарҳои мардумии минтақа бештар шинос шаванд. Ҳамзамон, иншооти мазкур метавонад ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва маърифатии ноҳияи Ёвон табдил ёфта, дар баргузории намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳои маърифатӣ нақши муассир гузорад.

Ба истифода додани Осорхонаи миллӣ дар шаҳраки Ёвон дар доираи сиёсати фарҳангии давлат ҷиҳати ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро осорхонаҳо ҳамчун махзани таърих дар ҳифзи хотираи миллӣ, омӯзиши гузаштаи халқ ва ба наслҳои оянда интиқол додани арзишҳои фарҳангӣ нақши калидӣ доранд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои таҷдидшудаи Осорхонаи миллӣ барои сокинони ноҳияи Ёвон имконияти хуберо фароҳам меорад, то дар муҳити муносиб бо таъриху фарҳанги диёри худ шинос шуда, арзишҳои миллӣ ва мероси гузаштагонро бештар омӯзанд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода