ДАР ДЕҲАИ ДОМАНКӮҲИ НОҲИЯИ ХУРОСОН БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ХОНАНДАГОН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 44
![]()
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои иловагии таълимии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 дар деҳаи Доманкӯҳ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои иловагии таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои хонандагон ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти рушди соҳаи маориф ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ дар маҳалҳо сохта шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 яке аз муассисаҳои таълимии деҳаи Доманкӯҳ ба ҳисоб рафта, бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани теъдоди хонандагон зарурати бунёди синфхонаҳои иловагӣ ба миён омада буд. Норасоии ҷойи нишаст имкониятҳои муассисаро барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълим маҳдуд мекард.
Бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимӣ оғоз гардида, барои бунёди он зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Ин иқдоми созандаи аҳли ҷомеаи деҳа намунаи равшани дастгирии соҳаи маориф ва саҳмгузории сокинон дар рушди маҳал ба шумор меравад.
Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи муосир омода гардида, ба муассиса имконият медиҳад, ки раванди таълимро дар шароити беҳтар ба роҳ монад.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагӣ барои 576 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардида, ба ҳалли масъалаи норасоии ҷойи нишаст дар муассиса мусоидат хоҳад кард. Дар натиҷа, хонандагони деҳаи Доманкӯҳ имкони таҳсил дар шароити муносибтарро пайдо намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил заминаи мусоид фароҳам мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ таъкид гардид, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои нав дар деҳот яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас омили муҳими рушди ҷомеа ва ояндаи кишвар ба ҳисоб меравад.
Сокинони деҳаи Доманкӯҳ бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳм гузошта, нишон доданд, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои фарзандон аз ҳадафҳои муҳими ҷомеаи маҳаллӣ мебошад.
Бинои иловагии таълимии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ҳамчун туҳфаи арзанда ба хонандагону омӯзгорони деҳа ба истифода дода шуда, барои беҳтар гардидани шароити таҳсил, рафъи норасоии ҷойи нишаст ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассиса заминаи мусоид фароҳам меорад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...