ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН МАРКАЗИ РУШДИ БАРВАҚТИИ КӮДАК МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 38
![]()
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳраки Хурамшаҳри ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои Маркази рушди барвақтии кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур дар назди Маркази таълимии касбомузии назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шудааст.
Марказ аз 4 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои фарогирии 96 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар ҳар як синфхона имкони ҷойгиршавии 24 кӯдак мавҷуд буда, онҳо бо мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудаанд. Муҳити мусоиди таълимӣ имкон медиҳад, ки машғулиятҳо бо истифода аз усулҳои муосири таълиму тарбия ба роҳ монда шуда, барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон заминаи муносиб фароҳам оварда шавад.
Дар назди марказ ҳамчунин толори хониш мавҷуд буда, он барои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ, инкишофи тафаккур ва баланд бардоштани шавқу завқи онҳо ба донишомӯзӣ хизмат хоҳад кард.
Маркази рушди барвақтии кӯдак дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо ташаббус ва маблағгузории зарурӣ тавассути Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Таъсиси чунин марказҳо дар маҳалҳо яке аз тадбирҳои муҳим дар самти рушди соҳаи маориф ва фароҳамсозии имкониятҳои баробар барои кӯдакон ба шумор меравад. Зеро рушди барвақтии кӯдак дар ташаккули қобилиятҳои зеҳнӣ, малакаҳои муошират, одатҳои иҷтимоӣ ва омодагии ӯ ба таҳсилоти минбаъда нақши муҳим дорад.
Ба истифода додани Маркази рушди барвақтии кӯдак дар шаҳраки Хурамшаҳри ноҳияи Хуросон барои 96 кӯдак имкони дастрасӣ ба муҳити муосири таълиму тарбияро фароҳам оварда, дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таълимӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...