ХУРОСОН: ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАЗОР БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 42
![]()
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ, намояндагони соҳаи маориф, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва бартараф намудани норасоии синфхонаҳо сохта шудааст. Иншооти нав аз 8 синфхона иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти масъулин, барои бунёди бинои иловагӣ беш аз 550 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст. Сохтмони он бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша амалӣ шуда, дар раванди корҳои сохтмонӣ бештар сокинон ва мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Бунёди чунин иншооти таълимӣ дар деҳот яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Зеро фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои омӯзгорону хонандагон мусоидат мекунад.
Бо ба истифода додани бинои иловагӣ масъалаи норасоии синфхонаҳо ва ҷойи нишасти хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 пурра бартараф мегардад. Акнун хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити муносиб ба таълим фаро гирифта шуда, омӯзгорон низ фаъолияти худро дар муҳити мусоидтар ба роҳ монанд.
Сокинони деҳаи Лолазор аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таълимӣ хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки иштироки бевоситаи аҳолӣ дар корҳои ободониву созандагӣ намунаи эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал мебошад.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар самти рушди соҳаи маориф буда, барои беҳтар намудани шароити таълим ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас дар деҳаи Лолазор қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...