БА 55 НАФАР КӮДАКИ НИЁЗМАНД САРУЛИБОСИ МАКТАБӢ ДОДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 44
![]()
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти раиси шаҳр Мирзозода Иброҳим бо ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯрии мазкур, дар арафаи оғози соли нави таҳсили 2026–2027 дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили наврасону ҷавонон ва расонидани кумаку ёрии моддӣ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.
Зимни суҳбати самимӣ роҳбарияти шаҳр наврасону хонандагонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик намуда, таъкид дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону кӯдакони оилаҳои ниёзманд ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки таҳсилу донишомӯзӣ заминаи асосии пешрафти ҳар як шахс ва рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, наврасон бояд аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва дар оянда ҳамчун ҷавонони соҳибмаърифат дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи мулоқот ба 55 нафар хонандаи дорои шароити маҳдуди иҷтимоӣ либосҳои мактабӣ тақдим гардида, ба онҳо барои оғози соли нави таҳсил кумакҳои зарурӣ расонида шуд.
Қобили зикр аст, кидар доираи иду ҷашнҳо чунин тадбирҳои хайриявӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Норак мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.
Умарҷон Тошматов,
«ХАТЛОН»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...