МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГО ҶИТЗЮН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 139
![]()
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Ҷитзюн баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории чинӣ, рушди робитаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байни минтақаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор дошта, заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар сатҳи минтақаҳо фароҳам овардааст.
Раиси вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои бузурги иқтисодию аграрӣ ва саноатии кишвар дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ буда, барои ҳамкории судманд бо ширкатҳои чинӣ омодагии ҳамаҷониба дорад.
Дар ин замина, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла саноат ва коркарди амиқи ашёи хом, кишоварзӣ ва агротехнология, энергетикаи сабз, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин муаррифӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон дорои иқтидори назарраси истеҳсолӣ ва кишоварзӣ буда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ташкили занҷираҳои истеҳсолии дорои арзиши иловашуда имкониятҳои мусоид фароҳам мебошад.
![]()
Ҳамчунин, масъалаи рушди ҳамкориҳо дар самти технологияҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла обёрии каммасраф, гармхонаҳои муосир, боғҳои интенсивӣ, механиконии кишоварзӣ, марказҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҷонибҳо инчунин ба масъалаи густариши содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин робита, зарурати идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои содироти мева, сабзавот, хушкмева ва дигар маҳсулоти кишоварзии минтақа таъкид гардид.
Раиси вилояти Хатлон пешниҳод намуданд, ки бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои мустақими вилояти Хатлон бо яке аз вилоятҳои аз лиҳози иқтисодӣ рушдёфтаи Чин ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳои байни минтақаҳо дар самтҳои сармоягузорӣ, савдо, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва омодасозии кадрҳо густариш дода шаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои омодасозии мутахассисони ҷавон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин омӯзиши забони чинӣ ва омодасозии кадрҳо барои корхонаҳои дорои сармояи чинӣ баррасӣ шуданд.
Бо мақсади гузариш аз муҳокимаи масъалаҳо ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххас, раиси вилояти Хатлон пешниҳод намуданд, ки як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории вилоят барои муаррифӣ ба ширкатҳои бузурги чинӣ интихоб гардида, сафари ҳайати сармоягузорон ва соҳибкорони чинӣ ба вилояти Хатлон ташкил карда шавад.
Ҳамчунин, баргузории Форуми соҳибкорӣ «Хатлон–Чин» дар шаҳри Бохтар ва таъсиси гурӯҳи кории доимӣ барои пайгирии татбиқи лоиҳаҳои мувофиқашуда пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак иброз намуда, таъкид карданд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда метавонад ба ҷалби сармояи нав, таъсиси корхонаҳои муштарак, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми савдою истеҳсолот дар вилояти Хатлон мусоидат намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омодагии худро барои дастгирии ҳамаҷонибаи сармоягузорони чинӣ ва ҳамроҳии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз марҳилаи интихоби майдон то ба истифода додани корхонаҳо иброз намуд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...