Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат арзёбӣ мегардад. Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хусусан сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди низоми маориф заминаи устувор гузошт.
Дар ин давра соҳаи маорифи вилояти Хатлон роҳи пурифтихори рушду навсозиро тай намуд. Агар солҳои аввали истиқлол ҳифзи низоми таълим вазифаи асосӣ маҳсуб мешуд, имрӯз сухан аз бунёди муҳити муосири таълим, баланд бардоштани сифати дониш, рушди истеъдодҳо ва мутобиқ намудани низоми маориф ба меъёрҳои ҷаҳонӣ меравад.
Дар зарфи 35 соли истиқлол шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят аз 962 ба 1399 адад расида, теъдоди хонандагон аз 422,6 ҳазор ба 942 ҳазору 709 нафар афзудааст. Шумораи омӯзгорон низ аз 26 ҳазору 800 ба 50 ҳазору 445 нафар расида, неруи омӯзгорӣ қариб ду баробар зиёд гардидааст.
Бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 156 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 3086 синфхона барои 77 ҳазору 82 ҷойи нишаст дар як баст(154 ҳазору 164 ҷой дар ду баст) мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ин шумора 25 муассисаи томактабӣ барои 5128 кӯдак бунёд шуда, барои фаро-гирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар маҷмуъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1670 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 333 ҳазору 926 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи зиёда аз 3 миллиарду 259 миллион сомонӣ сохта шудаанд. Танҳо дар солҳои 2022–2025 боз 409 иншоот барои 79 ҳазору 587 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад, сохтмони 187 муассисаи нави таълимӣ идома дорад.
Дар баробари рушди инфрасохтор, масъалаи таъмини муассисаҳо бо кадрҳои соҳибтахассус низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз соли 2007 то имрӯз 3368 омӯзгори ҷавон аз имтиёзҳои давлатӣ, аз ҷумла қитъаи замини наздиҳавлигӣ, замини полезӣ ва қарзҳои имтиёзнок баҳравар гардидаанд. Ҳамчунин, аз соли 1997 тавассути квотаи Президентӣ 11 ҳазору 351 нафар ҷавонони вилояти Хатлон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, ҳазорон нафари онҳо имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд. Рушди таҳсилоти томактабӣ низ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол мебошад.
Шумораи кӯдакистонҳо аз 57 ба 183 адад расидааст. Ҳамзамон, 1304 Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 112 ҳазор кӯдак фаро гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ба 138 ҳазору 232 нафар ё 33,2 фоиз расидааст. Дар вилоят имрӯз49 муассисаи таълимии типи нав, аз ҷумла мактабҳои Президентӣ, Мактаби байналмилалии Президентӣ, гимназияҳо ва литсейҳо фаъолият доранд. Ин муассисаҳо ба марказҳои асосии омодасозии хонандагони болаёқат табдил ёфтаанд.
Самараи ислоҳоти соҳа дар натиҷаҳои таълимӣ низ равшан эҳсос мешавад. Агар соли таҳсили 2019–2020 хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳоиҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 101 медал ба даст оварда бошанд, соли таҳсили 2024–2025 онҳо соҳиби 800 медал, аз ҷумла 49 тилло, 105 нуқра ва 646 биринҷӣ гардиданд.
Дар олимпиадаҳои байналмилалии соли 2025 низ хонандагони вилоят 903 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 164 медали тилло, 266 нуқра ва 473 биринҷӣ мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз болоравии сатҳи таълим ва рақобатпазирии хонандагони вилояти Хатлон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.
Натиҷаҳои хатмкунандагон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ назаррас мебошанд. Соли таҳсили 2024–2025 аз 38 ҳазору 741 нафар хатмкунанда 33 ҳазору330 нафар, ё86 фоиз, таҳсили худро дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ идома доданд.
Дастовардҳои хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» низ сол аз сол афзоиш меёбанд.
Агар дар солҳои аввали баргузории озмун намояндагони вилоят чанд ҷойи ифтихориро соҳиб мешуданд, соли 2025 онҳо дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла2 Шоҳҷоиза, ба даст оварда, вилояти Хатлонро ба мақоми аввал дар ҷумҳурӣ расониданд. Дар озмуни «Илм– фурӯғи маърифат» низ намояндагони вилоят соҳиби 20 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки сармоягузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба фардои давлат аст. Бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат, вилояти Хатлон имрӯз ҳамчун яке аз минтақаҳои пешсафи кишвар дар рушди маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст мавқеи устувор касб намудааст.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
