ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 78
![]()
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ ва азнавсозии иншооти гуногун бо маром идома доранд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳр корҳои созандагӣ вусъат гирифта, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани муҳити шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо рафти корҳои ободониву созандагӣ, сохтмону навсозии иншооти ҷашнӣ ва татбиқи ташаббусҳои созандагии сокинону соҳибкорон шинос шуданд.
Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 494 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз қисми зиёди иншооти мазкур мавриди истифода қарор гирифта, бо дарназардошти иқдомҳои нав ва ташаббусҳои созандагии сокинон ва соҳибкорон боз 30 иншооти дигар ба нақша ворид гардидааст.
Дар иншооти ҷашнӣ айни замон корҳои сохтмонӣ, таъмиру навсозӣ ва ободонӣ дар самтҳои гуногун идома дошта, масъулон талош доранд, ки иншооти пешбинишуда дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, истиқболи шоистаи он бояд пеш аз ҳама дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назаррас таҷассум ёбад.
Дар ин замина, ба масъулони соҳа ҷиҳати идомаи босифати корҳои сохтмонӣ, риояи қатъии меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва ба анҷом расонидани корҳои бунёдкорӣ дар муҳлатҳои муайяншуда дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаи ободонии гирду атрофи иншоотҳои сохташаванда ва навсозишаванда, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини тозагӣ, равшаннамоӣ ва нигоҳдории минбаъдаи мавзеъҳои ободшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки ҳар як иншооти бунёдшаванда бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, аз ҷиҳати меъморӣ ва сифати сохтмонӣ ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ бошад ва пеш аз ҳама барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва зиндагии сокинон мусоидат намояд.
Дар баробари корҳои сохтмонию бунёдкорӣ, ташаббусҳои созандаи соҳибкорон, сокинони маҳаллӣ ва шахсони ватандӯст дар ободонии шаҳри Кӯлоб назаррас арзёбӣ мегардад. Саҳми онҳо дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии маҳаллаҳо, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва зебо гардонидани муҳити шаҳр ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Идомаи чунин иқдомҳои созанда нишон медиҳад, ки сокинони шаҳри Кӯлоб дар баробари омодагӣ ба таҷлили сазовори яке аз муҳимтарин санаҳои таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, барои ободу зебо гардонидани шаҳри бостонӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз иншооти ҷашнӣ таъкид намуданд, ки корҳои созандагиву ободонӣ бояд минбаъд низ бо масъулияти баланд ва назорати доимӣ идома ёфта, ҳар як иншооти бунёдшаванда ба як гӯшаи ободу зебои шаҳр табдил дода шавад.
Ҳамин тавр, омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила идома дошта, бунёди иншооти нав, навсозии мавзеъҳои мавҷуда ва ташаббусҳои созандагии сокинону соҳибкорон ба рушди минбаъдаи инфрасохтори шаҳр ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...