ВАРЗИШ - ОМИЛИ САЛОМАТӢ, МАКТАБИ ИФТИХОР ВА МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 44
![]()
Имрӯз дар шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи варзишгарон чорабинии тантанавии вилоятӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Рамазон Насриддинзода, собиқадорони соҳа, мураббиён, варзишгарон ва дӯстдорони варзиш иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо шиносоии меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи варзиш оғоз гардид. Дар гулгашти назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои гуногуни варзиш ва дастовардҳои варзишгарони вилоят ба маъраз гузошта шуданд. Меҳмонон аз дастовардҳои варзишгарони ҷавон, имкониятҳои мавҷуда ва намунаҳои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба сухан баромада, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кулли варзишгарон, мураббиён, собиқадорон ва кормандони соҳаро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрик намуд.
Ӯ зимни суханронӣ таъкид кард, ки Рӯзи варзишгарон ҳамасола 10 август таҷлил гардида, имсол ин санаи муҳими соҳа дар фазои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Варзиш имрӯз танҳо як воситаи солим нигоҳ доштани инсон набуда, балки яке аз омилҳои муҳими тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Варзиш омили саломатӣ, қудрат, зебоӣ ва воситаи муҳими муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад».
Дар воқеъ, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар солҳои охир собит месозанд, ки варзиш ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҳамзамон яке аз роҳҳои самараноки пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, амалҳои ғайриқонунӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро мебошад.
Дар вилояти Хатлон низ бо татбиқи сиёсати созандаи давлат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Танҳо дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 171 иншооти варзишӣ бо маблағи умумии 241,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Иншооти нав, толорҳои замонавӣ ва майдончаҳои муҷаҳҳази варзишӣ барои омодасозии варзишгарони оянда ва ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар шаш моҳи соли 2026 бошад, дар ҳудуди вилоят 26 иншооти варзишӣ бо маблағи 13,7 миллион сомонӣ ба истифода дода шуда, дар 53 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 4 ҳазору 267 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 42 варзишгоҳ, 3 ҳазору 281 майдончаи варзишӣ, 597 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 14 маҷмааи варзишӣ ва 248 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.
Натиҷаҳои шаш моҳи соли 2026 низ қобили таваҷҷуҳанд. Варзишгарони вилоят дар 19 мусобиқаи байналмилалӣ ва 60 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 443 медали тилло, 402 медали нуқра ва 624 медали биринҷӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра варзишгарони Хатлон 1 ҳазору 469 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 медал зиёд мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандсозии варзишгарон ва қадрдонии дастовардҳои онҳо дар мусобиқаю чемпионатҳои сатҳи байналмилалӣ, дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. Минбаъд чеҳраҳои муваффақи соҳаи варзиш бо ин ҷоиза қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва афзоиши зуҳуроти хатарнок ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш аҳамияти бештар пайдо мекунад. Зеро варзиш на танҳо саломатии ҷисмонӣ, балки ирода, масъулиятшиносӣ, интизом ва рӯҳияи ватандӯстии ҷавононро низ ташаккул медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорони соҳа, варзишгарон ва мураббиён барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Сипосномаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, ғолибону ҷоизадорони Ҷоми раиси вилояти Хатлон оид ба футбол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қаҳрамонони ин рӯз — варзишгароне, ки бо заҳмати зиёд дар майдонҳои варзишӣ номи Тоҷикистон ва вилояти Хатлонро баланд мебардоранд, бо гирифтани ҷоизаҳо рӯҳбаланд гардиданд.
Чорабинии идона бо барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги вилоят идома ёфта, хотири меҳмонон, варзишгарон ва сокинони шаҳри Бохтарро болида намуд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...