Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУМФАРШКУНИИ БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ — ТУҲФАИ АРЗАНДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ


МУМФАРШКУНИИ БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ — ТУҲФАИ АРЗАНДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ




Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъати тоза гирифта, сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар ободии маҳалли зисти худ саҳми арзанда мегузоранд.

Яке аз чунин иқдомҳои шоиста дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб амалӣ гардида истодааст. Бо саҳмгузории фаъоли соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳа корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилии маҳалла бомаром идома дошта, то имрӯз беш аз 6 километр роҳ пурра мумфарш шудааст. Ин иқдом барои беҳтар гардидани шароити рафтуомади сокинон, таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат хоҳад кард.

Барои анҷоми босифати корҳои роҳсозӣ техникаву мошинолоти муосир, таҷҳизоти зарурӣ ва қувваи зиёди корӣ сафарбар гардидаанд. Ҳамзамон, сокинони деҳа низ бо руҳияи баланди ободкориву ватандӯстӣ дар корҳои созанда фаъолона иштирок намуда, саҳми муносиби худро мегузоранд. Ин ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бори дигар нишон медиҳад, ки рушди маҳал танҳо бо заҳмати муштарак ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ имконпазир аст.

Қобили зикр аст, ки қабл аз оғози мумфаршкунӣ дар канори роҳҳо ҷӯйборҳои обгузар бунёд гардида, корҳои ҳамворкунӣ ва омодасозии асоси роҳ пурра анҷом дода шуданд. Инчунин, кӯчаҳои деҳа бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин гардида, симои маҳал боз ҳам зеботар ва шароити зиндагии сокинон беҳтар шудааст.

Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб иқдоми соҳибкорон ва сокинони деҳаи Пахтакорро намунаи олии ҳамбастагӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал арзёбӣ намуда, онро туҳфаи арзишманд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон карданд.

Сокинони деҳа низ аз татбиқи чунин корҳои ободонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ барои ободии маҳалли зист, татбиқи ташаббусҳои созанда ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ аз тамоми имкониятҳои худ истифода хоҳанд бурд.

Воқеан, корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Пахтакор бозгӯи онанд, ки бо дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва ташаббуси сокинони ватандӯст метавон ҳар гӯшаи Ватанро боз ҳам ободу зебо гардонд. Чунин иқдомҳои нек на танҳо симои маҳалро дигаргун месозанд, балки рӯҳияи ифтихори миллӣ, ҳамдилӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.

Алишери Абдулмаҷид,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода