Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РУШДИ САНОАТ ВА СОХТМОНИ ИНШООТҲО ДАР ЁВОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД


РУШДИ САНОАТ ВА СОХТМОНИ ИНШООТҲО ДАР ЁВОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД




Дар шаш моҳи аввали соли 2026 рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон бо афзоиши истеҳсолоти саноатӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, беҳтар гардидани инфрасохтор ва рушди соҳаи кишоварзӣ тавсиф гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон, иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар ин давра ба маблағи 934,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати рушди соҳа ба 110,1 фоиз расид. Ҳамзамон, зиёда аз 44,9 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар содирот гардида, дар ноҳия 5 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ бо маром идома дошта, аз оғози татбиқи нақша то имрӯз 649 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба 130,3 фоизи нақша баробар мебошад. Барои бунёди онҳо зиёда аз 639,7 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
Ба қавли раиси ноҳия, дар соҳаи роҳу нақлиёт дар нимсолаи аввал 70 километр роҳ таъмири ҷорӣ гардида, чандин қитъаи роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мумфарш шуданд. Айни замон корҳои таҷдиди роҳи Ёвон – Ваҳдат низ идома доранд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 897,1 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ 990 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, музди миёнаи меҳнат дар ноҳия ба 2765,65 сомонӣ расидааст.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода