Ояндаи наздик ҷамъоварии пахта оғоз мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 160
![]()
Дар даҳаи охири моҳи август дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мегардад.
Тавре ки дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳоло дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят корҳои агротехникӣ, аз ҷумла нигоҳубини ниҳолҳо, обёрӣ ва омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дошта, кишоварзон ҷиҳати рӯёнидани ҳосили фаровон тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Пахта яке аз маҳсулоти муҳимми содиротӣ ва ашёи асосии саноати сабук ба ҳисоб рафта, рушди соҳа барои таъмини корхонаҳои коркарди пахта бо ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат аҳамияти калон дорад. Бо мақсади рушди соҳа, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардидааст. Барнома ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, парвариши навъҳои серҳосили пахта, тақвияти иқтидори кадрӣ ва рушди устувори соҳа равона шудааст. Бо назардошти таҷрибаи ғании пахтакорони вилояти Хатлон ва омодагии хуби хоҷагиҳо, интизор меравад маъракаи имсолаи ҷамъоварии пахта муташаккилона баргузор гардад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00