Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардида, ба кишвари транзитӣ ва дорои шабакаи муосири нақлиётӣ табдил ёфт. Дар ин дастоварди таърихӣ вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи муҳимми нақлиётии кишвар мавқеи хос дорад.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар вилоят даҳҳо шоҳроҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, роҳи оҳан, нақбҳо, пулҳои бузург ва шабакаҳои муосири алоқа бунёд ва таҷдид гардида, имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ба таври назаррас густариш ёфтанд. Махсусан, солҳои 2021–2026 марҳилаи нави рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар сиёсати давлат бунёди роҳҳо ҳамчун омили муҳимми пешрафти иқтисодиёт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мавқеи калидӣ дорад. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳҳои стратегии Панҷи Поён – Бохтар, Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Муъминобод, Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин, Восеъ – Ховалинг, Данғара – Кангурт, Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва даҳҳо роҳи дигари аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ бунёд ва таҷдид гардиданд.
Дар баробари ин, нақбҳои «Озодӣ» (Шар-шар) ва «Хатлон» (Чормағзак), ки дар маҷмӯъ 6653 метр дарозӣ доранд, роҳи Душанбе – Кӯлобро даҳҳо километр кӯтоҳ намуда, ҳаракати бемонеаи нақлиётро дар тамоми фасли сол таъмин карданд. Ин иншооти муҳандисӣ на танҳо вақти сафарро коҳиш доданд, балки ба рушди иқтисодӣ ва густариши равобити минтақаҳо низ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Имрӯзҳо таҷдиди роҳи автомобилгарди Бохтар - Левакант - Лолазор - Данғара ба анҷом расида, лоиҳакашии роҳи Балҷувон - Сари Хосор идома дорад. Ҳамзамон, бо саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳал садҳо километр роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо азнавсозӣ ва мумфарш гардидаанд.
ПАНҶ СОЛИ ОХИР - МАРҲИЛАИ БОСУРЪАТИ ОБОДОНӢ
Дар солҳои 2021–2026 корҳои сохтмон ва таъмири роҳҳо дар вилояти Хатлон бесобиқа вусъат ёфтанд.
Танҳо дар соли 2025 ба маблағи умумии 423 миллиону 995 ҳазор сомонӣ 2750 километр роҳ таъмиру азнавсозӣ гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 170 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии корҳои иҷрошуда:
- 636 километр таъмири асосӣ (мумфаршкунӣ);
- 653 километр сангфарш;
- 1461,1 километр таъмири ҷорӣ;
- 159 адад пулу қубур таъмиру азнавсозӣ шуданд.
Дар ин раванд саҳми соҳибкорони ватандӯст назаррас буда, танҳо бо маблағгузории онҳо 628 километр роҳ, 596 километр роҳҳои сангфарш ва 65 пулу қубур ба маблағи 370,6 миллион сомонӣ таҷдид гар-диданд.
Ин тадбирҳо имконият доданд, ки сатҳи дастрасии аҳолӣ ба марказҳои шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардида, рушди тиҷорат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ суръати бештар пайдо кунад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ бунёди роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб мебошад, ки соли 1999 мавриди истифода қарор гирифта, минтақаи Кӯлобро бо маркази вилоят ва шабакаҳои роҳи оҳани ҷумҳурӣ пайваст намуд.
Соли 2016 бошад, роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон ба истифода дода шуда, вилояти Хатлонро мустақиман бо пойтахти мамлакат пайваст ва вобастагӣ аз роҳҳои транзитиро коҳиш дод.
Имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 13 истгоҳи роҳи оҳан фаъолият намуда, ҳамаи онҳо таъмиру навсозӣ шудаанд. Дар истгоҳҳои Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Хатлон, Данғара, Кӯлоб, Ёвон ва Бӯрёбоф барои қабул, нигоҳдорӣ ва интиқоли борҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар соли 2025 тавассути роҳи оҳан ба вилояти Хатлон 117 ҳазору 815 тонна маҳсулот ворид гардида, ба 51 ҳазору 981 нафар мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 1960 нафар зиёд мебошад. Ҳамчунин, аз истгоҳи Ёвон ба истгоҳи Ҷалолиддини Балхӣ 198 ҳазору 16 тонна клинкер интиқол дода шуд.
Рушди шабакаи роҳҳо ба нишондиҳандаҳои соҳаи нақлиёт низ таъсири назаррас расонд.
Агар соли 1991 ҳаҷми боркашонӣ ҳамагӣ 1 миллиону 761 ҳазор тонна бошад, соли 2025 он ба 56,1 миллион тонна расид.
Ҳаҷми мусофиркашонӣ низ аз 17 миллиону 527 ҳазор нафар дар соли 1991 то 246 мил-лион нафар дар соли 2025 афзоиш ёфт. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди босуръати иқтисодиёт, беҳтар шудани хизматрасонии нақлиётӣ ва густариши робитаҳои дохилию хориҷии вилояти Хатлон шаҳодат медиҳанд.
Дар баробари рушди роҳу нақлиёт, соҳаи коммуникатсия низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Дар маҷмӯъ дар вилояти Хатлон 1672 истгоҳи базавии алоқаи мобилӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо:
- 1770 шабакаи насли 2G;
- 1272 шабакаи 3G;
- 1706 шабакаи 4G;
- 3 шабакаи 5G мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Имрӯз шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи интернет дар вилояти Хатлон ба 2 миллиону 621 ҳазор нафар расида, 45 ҳазору 661 нуқтаи хизматрасонии телефонӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Марҳила ба марҳила ҷорӣ гардидани технологияҳои 5G ва таҷҳизоти нави рақамӣ барои баланд бардоштани суръати интернет ва фарогирии бештари аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ду фурудгоҳи байналмилалӣ - дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб фаъолият доранд.
Дар соли 2025 тавассути онҳо 456 парвоз анҷом дода шуда, ба 181 ҳазору 615 нафар мусофир хизмат расонида шудааст.
Парвозҳо ба шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Северный ветер», «Сибир» ва «Уралские авиалинии» амалӣ гардида, имкониятҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро васеъ менамоянд.
Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки рушди роҳу нақлиёт ва коммуникатсия аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ба шумор меравад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ, таҷдиди роҳи оҳан, рушди нақлиёти ҳавоӣ, тавсеаи шабакаҳои алоқа ва татбиқи технологияҳои рақамӣ имкониятҳои навро барои рушди соҳибкорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва беҳтар гардидани сатҳи зин-дагии аҳолӣ фароҳам овардааст.
Махсусан, дастовардҳои солҳои 2021-2026 собит месозанд, ки вилояти Хатлон дар роҳи ташаккули инфрасохтори муосири нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидааст. Имрӯз роҳҳои ободу муосир ва шабакаҳои пешрафтаи алоқа на танҳо воситаи пайвасткунандаи минтақаҳо, балки кафили рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитии минтақа мебошанд.
Н. МАЪМУРЗОДА,
"Хатлон"
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
