Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Дар ҳар давру замон фарзандони асили миллат бо меҳнат, ирода ва матонати худ номи Ватанро баланд мебардоранд. Яке аз чунин ҷавонони соҳибном Исроил Раҳимов мебошад, ки имрӯз ҳамчун яке аз паҳлавонони муваффақи Тоҷикистон миёни дӯстдорони гӯштингирӣ ҷойгоҳи хос дорад. Зиндагиномаи ӯ намунаи равшани он аст, ки муваффақият тасодуф нест, балки самараи заҳмати пайваста, тарбияи дуруст ва эътимод ба қувваи худ мебошад.
ИСРОИЛ Раҳимов соли 1995 дар деҳаи «Анҷумани 18-и ҳизб» (ҳоло ба номи Н. Асадулло), Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Хуросон оғоз намуда, баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимовро хатм кард. Аз солҳои аввали фаъолият ба варзиш, бахусус гӯштингирӣ, дил баст ва бо талошу меҳнати зиёд тавонист ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи ин ришта табдил ёбад. Имрӯз Исроил Раҳимов чемпиони чандкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ буда, Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ намояндагӣ кардааст. Ӯ иштирокчии Бозиҳои XIX Осиё дар шаҳри Ханч-жоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Моҳи феврали соли 2025 дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар вазни то 95 кило ҷойи аввалро соҳиб шуда, бори дигар маҳорати баланди худро собит намуд. Аммо роҳи расидан ба чунин дастовардҳо осон набуд.
...Ҳар субҳ Исроил бо машқи ҷисмонӣ рӯзашро оғоз мекунад. Ин одат аз синни дувоздаҳсолагӣ то ба имрӯз ҳамсафари зиндагии ӯст. Барои ӯ тамрин танҳо омодагӣ ба мусобиқа нест, балки тарзи зиндагӣ мебошад. Ӯ хуб медонад, ки пирӯзӣ дар майдон аз заҳмате оғоз меёбад, ки кас онро дур аз чашми мардум анҷом медиҳад. Дар ташаккули шахсият ва иродаи ӯ нақши бибиаш Соатой-апа хеле бузург аст. Ин зани меҳнатқарин, ки роҳбари бригадаи пахтакорӣ буд ва дар ноҳия ҳамчун шахси обрӯманд шинохта мешуд, ҳамеша набераашро ба меҳнатдӯстӣ ва устуворӣ ҳидоят мекард. Ӯ мегуфт: «Аз болои худ бисёр кор кун, бисёр машқ намо. Пеш аз ҳама иродаатро мустаҳкам нигоҳ дор. Барои чемпион шудан, пеш аз ҳама, сабру тоқат ва қувваю ирода лозим аст». Ин суханон барои Исроил насиҳат, ва ҳам шиори зиндагӣ гардиданд.
Баҳори соли 2010 дар мактаби таҳсилкардааш мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор шуд. Дар он садҳо хонанда иштирок доштанд. Исроил дар вазни вазнин бо рақиби худ Латиф қувваозмоӣ намуда, дар дақиқаи панҷум ӯро бо як усули зебо ба тахтапушт хобонд. Ҳамин пирӯзии аввалин боиси кафкӯбии пуршӯри ҳамагон гардид. Барои навраси ҷавон маҳз ҳамин мусобиқа нуқтаи оғози роҳи бузурги варзишӣ шуд.
Паҳлавонӣ барои Исроил танҳо як интихоби шахсӣ набуд. Дар авлоди ӯ анъанаи паҳлавонӣ аз гузашта вуҷуд дошт. Бобояш Хоркаш дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта ҳамчун човандоз ва паҳлавони маъруфи минтақаи собиқ ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) шинохта мешуд. Шояд ҳамин решаҳои пурифтихор дар дили Исроил муҳаббат ба гӯштинро аз кӯдакӣ бедор карда буданд.
Аввалин устоди ӯ Иззат Сайфиддинов буд, ки истеъдоди варзишии Исроилро дарёфт намуда, барои сайқал додани он заҳмати зиёд кашид. Баъдан Исроил таҳти роҳбарии мураббии маъруф Ризқиддин Раҷабов тамринро идома дод. Бо роҳнамоии ин мураббӣ ӯ дар соли 2019 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо дар вазни то 90 кило ҷойи аввалро ишғол намуд ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистоншомил гардид.
Дар баробари мусобиқаҳои расмӣ, Исроил ҳамеша дар мусобиқаҳои анъанавии Наврӯзӣ низ фаъолона иштирок намуда, бо ҳунару маҳорати худ ҳаводорони гӯштинро шод месозад.
Баҳори соли 2026 барои ӯ соли хотирмон гардид. Дар мусобиқаи бузурги Наврӯзӣ дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалик ҳазорон нафар барои тамошои қувваозмоии паҳлавонон ҷамъ омада буданд. Ҷоизаи асосӣ — «Тавоқ», ки бо ҳафт аспу як шутур оро дода шуда буд, таваҷҷуҳи беҳтарин паҳлавонони минтақа ва хориҷро ҷалб мекард. Дар оғоз паҳлавони маъруфи Ӯзбекистон, иштирокчии Бозиҳои олимпӣ Бекмурод Охтибоев, ба майдон баромад. Довар чандин бор эълон кард, ки ҳар кас ҷуръат дорад, барои рақобат ба майдон ворид шавад. Лаҳзаҳо сипарӣ шуданд, вале касе пеш намеомад. Ногоҳ довар бо овози баланд гуфт: «Тоҷикистон як сӯ, Хуросон як сӯ. Дар ин ҷо паҳлавони номдор Исроил Раҳимови Хуросонӣ ҳузур дорад. Канӣ нангу номуси ватандорӣ?» Ин суханон дар қалби Исроил эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор карданд. Ӯ оромона ба майдон ворид шуд. Пас аз гирифта-ни дуо ҳар ду паҳлавон ба рақобат оғоз намуданд.
Дар дақиқаҳои аввал бартарӣ ҷониби паҳлавони ӯзбек буд. Дар гӯштин ба ҷуз қувва инчунин ҳушёрӣ, маҳорати техникӣ ва ирода низ нақши ҳалкунанда доранд. Дар як фурсати муносиб Исроил бо усули дӯстдоштааш рақибро ба тахтапушт хобонд. Лаҳзае, ки ҳазорон мухлис интизор буданд, фаро расид. Зиёда аз ҳафт ҳазор тамошобин аз ҷой бархоста, бо кафкӯбӣ ва нидои «Офарин, Исроил!» пирӯзии фарзанди Тоҷикистонро истиқбол гирифтанд. Ин ғалаба танҳо пирӯзии як варзишгар набуд, балки пирӯзии ирода, меҳнат ва нангу номуси миллӣ буд.
Ноҳияи Хуросон аз дер боз ҳамчун яке аз мактабҳои пуриқтидори тарбияи паҳлавонон шинохта мешавад. Аз ин сарзамин паҳлавонони маъруф, аз ҷумла Нематулло ва Нурулло Асадуллоевҳо, А. Мирзораҳимов, инчунин насли нави варзишгарон - Эмомалӣ Нуралӣ, Ёсин Бобобеков, Масъуд Аҳмадзода ва Иброҳими Элмуродов ба камол расиданд. Исроил Раҳимов низ идомадиҳандаи ҳамин мактаби пуршарафи паҳлавонӣ мебошад. Зиндагиномаи Исроил Раҳимов собит месозад, ки роҳи қаҳрамонӣ аз орзу оғоз шуда, бо меҳнати шабонарӯзӣ, иродаи шикастнопазир ва муҳаббат ба Ватан идома ме-ёбад. Ӯ имрӯз на танҳо як паҳлавони муваффақ, бал-ки намунаи ибрат барои ҷавононест, ки мехоҳанд бо меҳнати ҳалол ва садоқат ба ҳадаф, ба қуллаҳои ба-ланд бирасанд.
Номи Исроил Раҳимов имрӯз рамзи матонат, меҳнатдӯстӣ ва ифтихори варзиши тоҷик аст. Маҳз чунин ҷавонон обрӯи Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ боло мебардоранд ва исбот мекунанд, ки бо иродаи қавӣ ҳар қулла фатҳшаванда аст.
С. АТТОР, "Хатлон",
Табаралӣ ЗАБИРӢ, узви ИЖТ
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ҳамватанони гиромӣ! Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
