7 ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ БО ЭЪТИРОЗИ ПРОКУРАТУРА ИСЛОҲ ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 42
![]()
Дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи 267 иншооти дар нақша пешбинишуда, то имрӯз 271 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 101,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 73,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон раиси ноҳия зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия 69 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 ҳолат кам мебошад. Инчунин, дар ин давра ба 7 қарори раиси ноҳия эътироз оварда шуда, онҳо мутобиқ ба талаботи қонун ислоҳ гардидаанд.
Набиҷони Саидаброр, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00