Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САРОШПАЗЕ ДАР САРОШПАЗЕ ДАР НБО «РОҒУН» НБО«РОҒУН»


САРОШПАЗЕ ДАР САРОШПАЗЕ ДАР НБО «РОҒУН» НБО«РОҒУН»




Қиссаи Саидҷаъфар Абдуллоев - қиссаи Саидҷаъфар Абдуллоев-ошпазе, ки ба бунёдгарони «Роғун» ошпазе, ки ба бунёдгарони «Роғун» неру мебахшад

Дар умқи дараи Роғун ва рӯди пуртуғёни Вахш, ҷое, ки кӯҳҳои азими сангӣ бар алайҳи ҷараёни тези оби аждаҳоваш суҳбат мекунанд, набарде ҷараён дорад, ки он набарди ирода, заҳмат ва ғайрати мардонаю созандагӣ мебошад. Бунёдгарони Неругоҳи барқи обии“Роғун” рӯзу шаб барои рахна кардани қалби ин кӯҳ ва ба ром овардани муъҷизаи аср талош доранд. Аммо паси бозуи рустамона, тоқати оҳанин ва арсаи мардонагии сохтмончиён як ҳақиқати одӣ ва ҳаётан муҳим меистад, ки барои мубориза бо кӯҳҳову ҷараёни саркаши рӯди Вахш ба ҳар як коргар, албатта, шиками сер ва хӯроки серғизо лозим аст. Барои омода кардани чунин таомҳо нафаре лозим аст, ки бо муҳаббат, завқи беандоза ба ғизо тамъи лазизу фаромӯшнашаванда бахшад. Дар ин иншооти бузург чунин сарошпази дорои дасти тиллоӣ ва содиқ ба Ватан бо номи Саидҷаъфар Абдуллоев адои хизмат мекунад.

Вақте ман мебинам, ки коргарон баъди соатҳои дарози кори сангин дар зери кӯҳу  нақбҳои  зеризаминӣ ба ошхона меоянд, тамоми кӯшиши худро равона ме-кунам, ки онҳо ҳангоми та-новули хӯрок эҳсоси хонаву оиларо дошта бошанд. Саидҷаъфар  АБДУЛЛОЕВ

Саидҷаъфар Абдуллоев зо-даи деҳаи Ғеши Ҷамоати деҳоти “Чашмасорон”-и ноҳияи зебоманзари Муъминобод мебошад. Инак, зиёда аз 9 сол мешавад, ки ӯ қисмату пайроҳаи зиндагии худро ба сохтмони бузурги аср - Неругоҳи барқи обии “Роғун” пайваст кардааст. Роҳи афзоишу таҷрибаомӯзии ӯ дар ин сохтмон намунаи аълои меҳнатдӯстиву хоксорӣ аст. Зеро ӯ фаъолияти худро аввал ба ҳайси коргари одӣ оғоз карда, сипас ба ҳайси нонпази бомаҳорат ва ёрдамчии сарошпаз кор кард. Инак, тақрибан чаҳор сол мешавад, ки ӯ ба ҳайси сарошпаз дар ин сохтмон адои вазифа менамояд.

-Ман ошпазиро аз модарам омӯхтам. Мо, ки дар деҳот зиндагӣ мекунем, ҳар гоҳе модарам оташи дегдончаро дармегиронд, гирдаш нишаста, суҳбаткунон пухтани таомро тамошо мекардем ва аз ҳамон ҷо ин касб дар зеҳни ман нақш баст. Модарам доимо мегуфт, ки ба ғизо бояд бо меҳр наздик шуд, зеро хӯроке, ки бо муҳаббат ва нияти пок пухта мешавад, он бомазаю ба тани инсон неру ва ба дилаш равшанӣ мебахшад. Ман ҳамон панди модарамро имрӯз дар бузургтарин сохтмони кишварамон истифода мебарам, - иброз дошт Саидҷаъфар Абдуллоев.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо бунёдгарони НБО “Роғун” таъкид дошта буданд, ки заҳмати ҳар як мутахассис ва коргари ин сохтмони бузург дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарин навишта хоҳад шуд. Дар ин занҷираи заҳмату зафар, ошхонае, ки Саидҷаъфар роҳбарӣ мекунад, мавқеи хеле муҳим ва стратегиро доро аст.

Дар ин ошхона ҳамарӯза барои 1200 нафар сохтмончиён дар худи ҷойи хӯрокхӯрӣ таоми гарм омода карда, барои 950 нафари дигар, ки дар нуқтаҳои мушкилу дурдасти кории атрофисохтмон адои вазифа мекунанд, ғизои тозаву серғизо пухта мефиристад... 

Дар ин раванди масъулиятнок ҳамроҳи Саидҷаъфар зиёда аз сӣ нафар коргарон ва ошпазон фаъолият доранд, ки ҳамарӯза беш аз ҳафт навъи таоми гуногуну лазизро барои сохтмончиён омода месозанд. 

- Вақте мебинам, ки коргарон баъди соатҳои дарози кории сангин дар зери кӯҳу нақбҳои зеризаминӣ ба ошхона меоянд, тамоми кӯшиши худро равона мекунам, ки онҳо ҳангоми тановули хӯрок эҳсоси хонаву оиларо дошта бошанд. Агар сохтмончӣ шиками сер ва ғизои лазиз надошта бошад, бозуи ӯ наметавонад бар зидди сахраҳои сахт мубориза барад. Барои ҳамин, ман ва тамоми ҳамкоронам ҳамарӯза тамоми завқ ва маҳорати худро ба кор мебарем, то ҳар як таом босифату серғизо бошад, - иброз медорад Саидҷаъфар.

Тартиби кории Саидҷаъфар Абдуллоев ба шакли вахтавӣ ҷараён мегирад. Яъне ӯ понздаҳ рӯз дар НБО “Роғун”  хизмати содиқона намуда, понздаҳ рӯзи дигар дар хона дар назди оила бо фарзандон истироҳат мекунад. Ӯ аз шароити хуби корӣ ва маош розӣ аст. Муҳимтар аз ҳама Сидҷаъфар ифтихори мекунад, ки дар ҷое кор мекунад, ки орзуи бузурги миллати тоҷик, яъне истиқлоли пурраи энергетикӣ ва нури хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ҷомаи амал мепӯшад.

Кор дар Роғун барои ман танҳо як вазифа ва манбаи даромад нест. Ин барои ман масъулият ва шарафи бузург аст. Вақте медонам, ки хӯроки омодакардаи мо ба созандагони ин кохи нур қуввату мадор медиҳад, ифтихор мекунам, ки дар ин кори бузург ва таърихӣ саҳми хурди худро мегузорам. Итминон дорам, ки ин кӯҳҳои саркаш дар баробари иродаи инсон ва заҳмати аҳлонаи мо сар фуруд меоранд. 

Саидҷаъфар АБДУЛЛОЕВ, дар миёни кӯҳҳои азими Ватан ва шукӯҳи рӯди Вахш, таоме, ки бо меҳри модарию ватандӯстӣ пухта мешавад, на танҳо шикамро сер мекунад, балки ба бозуи сохтмончиён қуввати рустамона ва ба қалбашон гармии умед мебахшад. Қаҳрамонони Роғун танҳо онҳое нестанд, ки бо бӯр ва техника кӯҳро мешикофанд, балки нафароне ба монанди Саидҷаъфар Абдуллоеванд, ки бо оташи дег ва меҳри дастонашон неругоҳи инсониро зинда нигоҳ медоранд.

Ҳар нафаре, ки бори аввал вориди ин майдони азими сохтмон мегардад, пеш аз ҳама, аз миқёси корҳо ба ҳайрат меояд. Садҳо техникаи азимҷусса, нақбҳои тӯлонӣ, садои пайвастаи мошинҳои кӯҳкан, кранҳои азим ва ҳазорон нафар сохтмончӣ, ки шабонарӯзӣ фаъолият доранд, манзараеро ба вуҷуд овардааст, ки бештар ба як шаҳри бузурги саноатӣ шабоҳат дорад. Дар ин ҷо ҳар рӯз ҳазорҳо метри мукааб хок бардошта, бетон рехта ва корҳои мураккаби муҳандисӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки «Роғун» танҳо бо заҳмати бузург бунёд мегардад.

-Солҳои зиёд тақдир маро аз Ватан дур кард. Барои дарёфти ризқу рӯзӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ заҳмат мекашидам. Дар кишварҳои бегона шабу рӯз меҳнат мекардам, аммо ҳар лаҳза дилам ба хоки Ватан, барои модари пиру чашмбароҳам кашол мешуд. Гарчанде даромад доштам, эҳсоси ғарибӣ ва дурӣ аз наздикон ҳеҷ гоҳ маро тарк намекард. Имрӯз, вақте дар ошхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолият мекунам, худро хушбахттарин инсон меҳисобам. Шояд ман муҳандис нестам, техникаи азимро идора намекунам ва бетон намерезам, аммо бо дастони худ барои ҳазорон нафар сохтмончиён ғизо омода мекунам. Ман бовар дорам, ки ҳар косаи ош, ҳар нон ва ҳар намуди таоме, ки бо меҳру масъулият омода мешавад, ба онҳо қувват мебахшад, то ин иншооти бузурги таърихиро бунёд кунанд, бо ифтихор иброз дошт Саидҷаъфар.

-Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Асосгузо-ри сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намоям. Агар иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат намебуд, эҳтимол имрӯз ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат сохтмони «Роғун»  дубора эҳё гардид ва барои ҳазорон нафар, аз ҷумла барои ман, ҷойи кори доимӣ ва зиндагии шоиста фароҳам омад, - илова кард ӯ.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» майдони сохтмони як иншооти азими энергетикӣ, мактаби воқеии ватандӯстӣ,  меҳнатдӯстӣ ва ҳамбастагии миллӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳар як нафар,  новобаста аз касбу вазифааш, худро ҷузъи як рисолати бузурги таърихӣ эҳсос мекунад. Агар муҳандисон нақша мекашанду сохтмончиён кӯҳҳоро мешикофанд, пас, ошпазоне чун Саидҷаъфар Абдуллоев бо меҳнати ҳалол ва дастони пурмеҳрашон неруи он бунёдгаронро таъмин мекунанд. Зеро ҳар дастоварди бузург аз заҳмати дастаҷамъӣ сарчашма мегирад.

Қисмати Саидҷаъфар бозгӯи роҳи ҳазорҳо ҳамватанест, ки солҳои пеш барои дарёфти ризқу рӯзӣ дар муҳоҷират ранҷ кашидаанд. Имрӯз бошад, бо фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ дар доираи бунёди ин иншооти стратегӣ, онҳо имконият ёфтаанд дар Ватани худ зиндагии шоиста дошта, дар канори пайвандон фаъолият намоянд ва дар пешрафти кишвар саҳми худро гузоранд. 

Набиҷони САИДАБРОР,
Бохтар-Роғун-Бохтар,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода