ЧАРО НАРХИ СӮЗИШВОРИИ ДИЗЕЛӢ БОЛО РАФТ?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Таҳқиқи журналистӣ / Хабарҳо, Боздид 53
![]()
Тайи чанд ҳафтаи охир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ болоравии нархи маводи сӯхти дизелӣ ба мушоҳида мерасад. Ин вазъ боиси нигаронии шаҳрвандон гардидааст, зеро гароншавии сӯзишворӣ бевосита ба арзиши ҳамлу нақли бору мусофир ва дар натиҷа ба нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия таъсир мерасонад. Бо назардошти аҳамияти масъала, мо омилҳои асосии болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ва роҳҳои эҳтимолии ҳалли онро бо масъулон ва мутахассисони соҳа баррасӣ намудем.
АЗ ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ТО ВАЗЪИ БОЗОР
Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ба гурӯҳи маҳсулоте дохил мешаванд, ки нархи онҳо метавонад аз ҷониби давлат танзим карда шавад. Бо вуҷуди ин, дар бозори дохилӣ ноустувории нархи сӯзишворӣ дар баъзе нуқтаҳои фурӯш ба назар мерасад.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти нафтии воридшаванда ба ҷумҳурӣ аз Федератсияи Русия таъмин мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ноустувории бозори маҳсулоти нафтӣ дар Русия, ки дар натиҷаи таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, ба бозори Тоҷикистон низ таъсири амиқ расонидааст. «Агар қаблан нархи як тонна сӯзишворӣ тақрибан 63 ҳазор рубл арзиш дошт, ҳоло ин нишондиҳанда ба 78 ҳазор рубл расидааст».
ОМИЛҲОИ АСОСИИ БОЛОРАВИИ НАРХИ ДИЗЕЛӢ
Фирдавси Маҳмадсаид, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон, зимни суҳбати телефонӣ ба рӯзномаи «Хатлон» гуфт: «Болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ чанд омил дорад. Пеш аз ҳама, дар худи Федератсияи Русия низ нархи он афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, тибқи маълумоти дастрасшуда, Русия маҳдудиятҳоро барои содироти маҳсулоти нафтӣ ҷорӣ кардааст, ки ин ба кишварҳои воридкунанда, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсир мерасонад». Ба гуфтаи коршиносон, чунин вазъ метавонад ба болоравии арзиши дигар хизматрасониҳо, интиқоли молу коло, ҳамлу нақл ва мусофиркашонӣ низ сабаб гардад.
ТАЪСИР БА НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ
Пайомадҳои болоравии нархи сӯзишворӣ аллакай дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ эҳсос мешавад. Тавре мушоҳида намудем, дар шаҳри Бохтар нархи роҳкиро дар аксар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ва байни шаҳру ноҳияҳо низ боло рафтааст. Ронандаҳо бошанд, ягона омилашро дар болоравии нархи маводи сӯзишворӣ маънидод мекунанд.
Тоҷиддин Сафаров, директори КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» мегӯяд: «Баланд шудани нархи роҳкиро, пеш аз ҳама, ба гарон шудани қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ ва махсусан болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ вобаста аст». Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дизел умуман дастрас нест ва дар ҷойҳои дигар низ фурӯш бо ҳаҷми маҳдуд суръат мегирад. Як ронанда метавонад дар як шабонарӯз аз 30 то 60 литр маводи сӯхти дизелӣ харидорӣ намояд.
ПАЙОМАДҲОИ ИҚТИСОДӢ
Болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, хароҷоти интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамлу нақли ашёи хоми корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасониҳои мусофиркашонӣ меафзояд. Дар натиҷа арзиши молу маҳсулоти ниёзи аввалия боло рафта, ба вазъи иқтисодии шаҳрвандон таъсир мерасонад.
ИН ВАЗЪ ТО КАЙ ИДОМА МЕЁБАД?
Гароншавии сӯзишворӣ метавонад ба сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мақомоти масъул барои пешгирии шиддат гирифтани вазъ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ба иттилои Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ, айни замон масъалаи диверсификатсияи воридоти маҳсулоти нафтӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Бо ин мақсад, музокирот бо давлатҳои Қазоқистон, Эрон ва Туркманистон ҷараён дошта, дар суръати ба даст омадани мувофиқа, воридоти сӯзишвории дизелӣ метавонад аз ин кишварҳо низ ба роҳ монда шавад.
ИСТИФОДАИ ФАРОВОН, ВАЛЕ НАРХИ ГАРОН
Тибқи маълумоти расмии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, то 11 июли соли ҷорӣ нархи чаканаи як литр сӯзишвории дизелӣ аз 15 то 17 сомонӣ буд. Ба ҳолати 29 июл ин нишондиҳанда аз 17 то ба 17,80 сомонӣ расид. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Бохтар нархи як литр дизел то 18 сомонӣ ва ҳатто бештар аз он пешниҳоди муштарин мешавад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба кишвар зиёда аз 300 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 236,8 миллион доллар ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нархи миёнаи як тонна сӯзишвории воридотӣ 789 долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 32 доллар ё 4,2 фоиз боло рафтааст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, қариб 93 фисади масоҳати ҷумҳуриамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ҳамарӯза мошинолоти дизелӣ дар рушди хоҷагии халқ нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, ҳамарӯза талабот ба техникаҳои дизелӣ дар анҷоми корҳои рӯзмарра бештар ба назар мерасад. Тавре масъулини соҳа иттилоъ доданд: “Истеъмоли моҳонаи сӯзишвории дизелӣ ба 52,4 ҳазор тонна расида, нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст”. Ба андешаи коршиносони байналмилалӣ, болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ бештар хусусияти муваққатӣ дошта, ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ вобаста аст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари вобаста ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз чунин тағйирот ва вазъи баамаломада таъсири ҷиддӣ мебинад.
Коршиносон бар он назаранд, ки гуногунсамт намудани манбаъҳои воридоти сӯзишворӣ, ташкили захираҳои стратегии давлатӣ ва тақвияти назорат бар фаъолияти бозори дохилӣ метавонанд ба коҳиши таъсири чунин буҳронҳо мусоидат намоянд.
Абдулло РИОЕВ, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...