555 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН КАРДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 38
![]()
Дар доираи баргузории нишастҳои матбуотӣ имрӯз нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг баргузор гардид. Раиси ноҳия Рауфзода Саймумин натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2026 шарҳу тавзеҳ дода, аз пешрафти корҳои сохтмонӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва рушди инфрасохтор маълумот пешниҳод намуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар давра ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба 37,45 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Дар ин давра корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 37,2 миллион сомонӣ анҷом дода шуда, 2970 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки айни ҳол 67,3 фоизи аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мебошанд. Бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ низ дар соҳили дарёҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуда, садҳо метр иншооти муҳофизатӣ сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 596 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 238 нафарашон занон мебошанд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 555 нафар бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шудаанд.
Ҳамзамон, дар ин давра 8 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ бо пешниҳоди 572 ҷойи кор баргузор гардида, дар онҳо 66 корхона ва 596 корҷӯ иштирок кардаанд. Дар натиҷа 82 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, ҳамин миқдор шаҳрванд бо кор таъмин шуда, 110 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар идомаи нишаст раиси ноҳия таъкид кард, ки ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳамкорӣ бо корфармоён минбаъд низ густариш дода мешавад.
Умарҷон Тошматов,
«ХАТЛОН»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00