Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИНФРАСОХТОРИ ПАРДОХТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД


ИНФРАСОХТОРИ ПАРДОХТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД




Шералӣ Ҳасанзода, раиси ноҳияи Темурмалик дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар аксари самтҳо мусбат арзёбӣ гардида, бахшҳои рақамикунонӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва варзиш рушди устуворро идома додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ густариши рақамикунонӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад. То 1 июли соли ҷорӣ 92,8 фоизи субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намудаанд. Дар ноҳия 37 POS-терминал, 25 QR-рамз ва 9 банкомат мавриди истифода қарор дошта, дар шаш моҳи соли равон боз 7 POS-терминали нав насб гардидааст. Ҳамчунин, 62 ҳазору 976 нафар сокинон соҳиби корти бонкӣ буда, ки 81,5 фоизи аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи масъулон, рушди инфрасохтори рақамӣ барои баланд бардоштани шаффофияти хизматрасониҳо, осон намудани амалиёти молиявӣ ва коҳиш додани муомилоти пули нақд заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ҳасанзода ҳамчунин зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон ба ноҳияи Темурмалик 72 ҳазору 499 сайёҳ ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 908 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 22 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 7 нуқра ва 11 биринҷӣ гардидаанд.

Алишери Абдулмаҷид,
«ХАТЛОН»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода