Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БОЗДИД НАМУДАНД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БОЗДИД НАМУДАНД




Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ боздид намуданд.

Зимни боздид маълум гардид, ки дар деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Сурхқалъа бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бо 13 синфхона дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Иншоот барои 624 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шуда, бо маблағи беш аз 5 миллиону 494 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон тавассути ҶДММ «Сари Хосор» сохта мешавад.

Ҳамчунин, Раиси вилоят аз корҳои сохтмонӣ дар биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №34, №35 ва №36-и ҷамоати деҳоти Фахробод боздид намуданд.

Бинои иловагии МТМУ №36 дар деҳаи Баҳористон аз ду ошёна ва 11 синфхона иборат буда, барои 528 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо маблағи зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан мушкили норасоии синфхонаҳоро пурра бартараф хоҳад кард.

Дар деҳаи Аёнчашма бошад, сохтмони бинои иловагии МТМУ №35 идома дошта, он аз ду ошёна ва 16 синфхона иборат мебошад. Иншоот барои 768 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби сокинон ва шахсони саховатпеша сохта мешавад.

Инчунин, дар деҳаи Коху сохтмони бинои иловагии МТМУ №34 бо 12 синфхона барои 576 ҷойи нишаст идома дорад. Барои бунёди ин иншоот беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, корҳои сохтмонӣ бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав, мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар деҳа бартараф мегардад.

Зимни боздид ба масъулон барои босифат ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бо мақсади дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода супоридани иншоот, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода