Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 15 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАХШ АМАЛӢ МЕШАВАД


15 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАХШ АМАЛӢ МЕШАВАД




Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов доир шуд. Дар ҷараёни нишаст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба дастовардҳо, мушкилот ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ гардид.

Зимни ироаи ҳисобот раиси ноҳия қайд карда шуд, ки дар ноҳия 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 35,8 миллион доллар амалӣ шуда истодааст.
Дар бахши саноат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 164 миллион сомонӣ расида, корхонаҳои саноатии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои беҳтарро ба даст оварданд. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ низ афзоиш ёфта, дар ноҳия сохтмон ва азнавсозии як қатор иншооти иҷтимоӣ идома дорад.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввал қисми даромади буҷети маҳаллӣ пурра таъмин гардида, маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмӣ сари вақт ҷамъоварӣ шудаанд. Дар баробари ин, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои зарурӣ равона карда шуданд.

Дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зикр гардид, ки дар ноҳия 17 ҳазору 995 нафар нафақагир ба қайд гирифта шуда, ба онҳо зиёда аз 193 миллион сомонӣ нафақа пардохт гардидааст. Ҳамчунин, ба ятимон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд кумакҳои моддӣ расонида шуда, як қатор шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо дастгирии мақомоти давлатӣ фаро гирифта шуданд.

Дар соҳаи маориф гуфта шуд, ки барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ идома дошта, муассисаҳо бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин мегарданд. Дар бахши тандурустӣ бошад, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, садҳо нафар беморон ба муоина ва табобат фаро гирифта шуданд.

Дар бахши фарҳанг ва варзиш низ пешравиҳо назаррас арзёбӣ гардиданд. Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби даҳҳо медали тилло, нуқра ва биринҷӣ шуданд. Ин дастовардҳо нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои ободонӣ ва рушди инфрасохтор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Роҳҳои маҳаллӣ таъмиру шағалпӯш гардида, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ навсозӣ шуданд.

Комрони БАХТИЁР,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода