Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ОСОРХОНАИ "АВАСТО" ТАШРИФ ОВАРДАНД


КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ОСОРХОНАИ "АВАСТО" ТАШРИФ ОВАРДАНД




Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, шоми 4 августи соли 2026 кормандони дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пас аз анҷоми рӯзи корӣ ба Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» ташриф оварданд.

Мақсад аз ин ташриф ошноии бештар бо таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик, урфу одат ва анъанаҳои ниёгон, инчунин ғанӣ гардонидани ҷаҳонбиниву маърифати фарҳангии кормандон буд.
Зимни боздид кормандон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, бо нигораҳои нодири таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд.
Чунин ташрифҳо барои истифодаи самараноки вақти фароғат, баланд бардоштани ғизои маънавӣ ва таҳкими эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода